МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ ХАБАР МЕДИҲАД: имрӯз марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсолоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 10.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 июн марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) оғоз мегардад.
Нафароне, ки худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрели соли равон) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ номнавис карда натавонистанд, метавонанд дар марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД, ки аз 10 то 30 июн баргузор мегардад, номнавис намоянд.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон танҳо дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманд бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд.
«Довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10 то 30 июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалияи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав аз қайд гузаранд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд. Инчунин довталабоне, ки худро дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 12 то 30 июн) номнавис мекунанд ё дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 12 то 20 июн) интихобҳои аввалияи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ – аз 18 то 20 июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе месупоранд»,- афзуд манбаъ.
Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ, муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда ва дигар раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур метавон аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab/791-rohnamoi-dovtalab-2019.html) ҷойгир карда шудааст, дастрас кард.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






