МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЖУРНАЛИСТИКА. Ду китоби устодон ва олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба нашр расид

Июнь 20, 2019 08:33

ДУШАНБЕ, 20.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» аз чоп баромаданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин китобҳо маҷмӯаи ҳайати устодон, олимони ҷавон, аспирантон ва магистрантони кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки тариқи нашриёти «Ношир» дастраси хонандагон гардид.

Тибқи иттилои манбаъ,  ин ду маҷмӯа мақолаҳои устодон ва олимони ҷавони соҳаро дар мавриди саҳми журналистика дар рушди ҷомеа гирд оварда, фарогири масъалаҳои мубрами соҳаи мазкур мебошад. Мутахассисон муаммо ва мушкилоти журналистикаи мамлакатро   дар пажӯҳишоти хеш баррасӣ намудаанд. Дар мақолаҳо вазъи матбуоти маҳаллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бозгӯ шудаанд.

Ташаккули меъёрҳои этикаи касбӣ, Истиқлолият ва журналистикаи сиёсӣ, махсусиятҳои он  дар ҷомеаи иттилоотӣ, ҷойгоҳи жанрҳои журналистӣ, инъикоси муаммоҳои ҷаҳонӣ низ аз ҷумлаи мавзӯъоти ҳаллу фаслшудаи ин китобҳои тозанашр мебошанд.

Бояд гуфт, ки маводи маҷмӯаҳо барои мутахассисони соҳаи журналистика, муҳаққиқон ва рӯзноманигорони ҷавони ҷумҳурӣ  дастурамали хуби корӣ буда метавонад.

Июнь 20, 2019 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид