Сабрина Абророва дар 5-умин Бозиҳои ҷаҳонии наврасон медали тилло ба даст овард

Июнь 7, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 07.06.2019. /АМИТ«Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар 5-умин Бозиҳои ҷаҳонии наврасон (World Junior Compatriot Games), ки дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Россия баргузор шуд, сазовори ду медал – 1 тилло ва 1 нуқра гардиданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН бо истинод ба намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар медиҳад, медали тиллоро Сабрина Абророва дар намуди шоҳмот ба даст овард. Ӯ дар 11 даври мусобиқа соҳиби 10.5 хол гардид, яъне дар 10 давр ғалаба карда, 1 бозиро мусовӣ анҷом дод. Медали нуқраро дар ин бозиҳо дастаи баскетболбозони Тоҷикистон ба даст овард.

Тибқи иттилои манбаъ, ба барномаи бозиҳои мазкур  7 намуди варзиш – баскетбол, волейбол, тенниси рӯи миз, футболи хурд, шиноварӣ, гимнастикаи бадеӣ ва шоҳмот дохил буд. Варзишгарони навраси мо дар се намуд – баскетбол, шиноварӣ ва шоҳмот ширкат намуданд.

Бояд илова кард, ки ҷои дуюмро дар намуди шоҳмот миёни духтарон Умеда Омонова аз Ӯзбекистон бо 10 хол ва ҷои сеюмро Азалия Мирланқизи аз Қирғизистон бо 9 хол ишғол карданд.

Дар мусобиқаи баскетбол 6 даста иштирок кард. Тими Абхазия бо 10 хол ҷои аввал, Тоҷикистон бо 8 хол ҷои дуюм ва Россия бо 7 хол ҷои сеюмро сазовор гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои ҷаҳонии наврасон қаблан думаротибаӣ  дар шаҳрҳои Сочӣ ва Қазон доир гардида буданд.

Имсол  Бозиҳои ҷаҳонии наврасон аз 1 то 5 июн идома ёфта, дар он 650 иштирокчӣ аз 60 давлати дунё ширкат варзиданд.

Июнь 7, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд