ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид шуда, борон меборад

Июнь 8, 2019 08:10

ДУШАНБЕ, 08.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид шуда, борон ва жола меборад.  Ба  амал омадани раъду барқ низ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.      

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии он  борони кӯтоҳмуддат  меборад. Дар  шарқи вилоят боришот (борон, барф) ба амал  омада, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва  рӯзона 19+24 дараҷа  гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят шабона -1+4 ва  рӯзона ҳарорат ба  7+12 дараҷа мерасад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония, ҳангоми раъду барқ   дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 ва рӯзона 12+17 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат  меборад. Дар доманакӯҳҳо  резиши  борон  бошиддат гардида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳамчунин  боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония, ҳангоми раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония  мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва  рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 ва рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ резиши  бошиддати  борон, ба амал омадани  раъду барқ ва  жола дар назар аст.  Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва  рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 13+15  ва рузона 24+26 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 8, 2019 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад