Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» заминаи рушди устувори ҳунарҳои мардумӣ хоҳад гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ»-ро ба имзо расониданд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад ва моҳияти Қонуни мазкурро тавзеҳ медиҳад.
Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувор ва кафолатдиҳандаи рушди ҳунармандӣ хоҳад гашт. Қонуни мазкур, ки ҷиҳати иҷрои муқаррароти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ва амалисозии ҳадафҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» қабул гардид, имкон медиҳад, ки тадбирҳо ва барномаҳои нави соҳавӣ баҳри рушди ҳунармандӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Мақсади меҳварии ин Қонун ба ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ, барқарорсозӣ, ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, қонеъ гардонидани талабот ба маҳсулоти ҳунармандӣ ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани онҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудааст.
Дар баробари ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ бо мақсади дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, муайян намудани самтҳои ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, ташаккули шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таҳия гардида, ҳуқуқу уҳдадорӣ ва фаъолияти ҳунармандонро ба танзим медарорад.
Қонуни мазкур аз 7 боб ва 16 модда иборат буда, тибқи муқаррароти он, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ муайян карда мешавад ва ин омил имконият медиҳад, ки самтҳои рушди соҳа ба маҷрои муайян дароварда шавад.
Дар баробари ин, сиёсат ва дастгирии давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ муайян гардида, имтиёзҳо барои рушди соҳа муқаррар карда мешаванд, инчунин Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ, феҳристи ҳунармандӣ, ҷоизаҳо дар соҳаи ҳунармандӣ ташкил карда мешаванд ва барномаҳои давлатии рушди соҳа таҳия ва амалӣ хоҳанд шуд.
Мусаллам, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон эҳё гардида, босуръат рушд намуда истодааст. Бо ташаббуси Пешвои миллат ҳунармандон аз андозҳо озод карда шуда, қарзҳои имтиёзнок ба ҳунармандон ва соҳибкорон муқаррар гардид.
Натиҷаҳо нишон дод, ки дар ин муддат бисёре аз ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуда, сафи соҳибкорон ва ҳунармандон афзудааст. Тибқи маълумотҳои дастрасгардида, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 7000 ҳунармандон фаъолият намуда, аз имтиёзҳои андозии фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат истифода намуда истодаанд.
Имрӯзҳо бо мақсади пайдо намудани бозорҳои нави маҳсулоти ҳунармандӣ, дастранҷи истеҳсолнамудаи ҳунармандони кишвар дар як қатор намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Британияи Кабир, Малайзия, Америка, Франсия, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Юнон, Германия, Испания, Белгия, Туркия, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ба намоиш гузошта шуда, харидорони худро пайдо намудаанд.Дар ҷумҳурӣ намоишгоҳҳои калони ҳунармандӣ, аз қабили фестивали «Ҷилваи чакан», намоишгоҳҳои «Рӯзи заргарон», «Рӯзи оҳангарон», «Рӯзи кулолгарон», «Рӯзи атласбофон», фестивал ва намоишгоҳи «Чакан», фестивали байналмилалии «Рангоранг», озмунҳои «Кандакорӣ ва кундалсозӣ», «Мисгарию оҳангарӣ» намоишгоҳҳои баҳорӣ ва тирамоҳии маҳсулоти ҳунармандон, форум ва намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳиву ҳунармандӣ ва дигар чорабиниҳо ба шумор мераванд.
Ташкил ва баргузории намоишгоҳҳои мазкур имконият медиҳад, ки талаботи харидорон, аз ҷумла сайёҳон ба маҳсулоти ҳунармандӣ ва армуғонҳо муайян карда шуда, бозори фуруши он васеъ карда шавад.
Истеҳсоли маҳсулот ва маснуоте, ки аз ҷониби ҳунармандон омода мешавад, дар маҷмуъ яке аз бахшҳои рушди сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ба вазъи иқтисодии ҳунармандон ва некуаҳволии аҳолӣ таъсири амиқ мегузорад. Ҳамчунин дар маҳсулот ва маснуоти дастӣ завқи зебоипарастии миллат, расму оин ва анъанаҳои миллӣ ва маҳорати нодири ҳунармандон ифода меёбад, ки ба муаррифии кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ беасар нест.
Бинобар ин, нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» дар пешбурди талошҳо барои густариши ҳунарҳои мардумӣ, таъмини ашёи хом барои маҳсулоти ҳунармандӣ, паст кардани арзиши аслӣ ва рақобатпазир намудани он, ташкили бренди миллии маҳсулоти ҳунармандӣ, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонии маҳсулоти ҳунармандӣ ва таҳияи Барномаи мушаххаси рушди ҳунармандӣсаривақтӣ ва амри табиист. Танҳо моро месозад, дар амалисозии муқаррароти Қонун бо дилу нияти пок ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ сайъу талош намоем.