«ПАЙКИ ХУШ БАР СӮИ МО АЗ ВАҲДАТ АСТ!..». Адибони соҳибҳунари мо ба хотири дар ёдҳо зинда нигоҳ доштани Ваҳдат ҳамарӯза очерк, қисса, ҳикоя ва шеъру достонҳои тоза эҷод мекунанд

Июнь 27, 2019 10:45

ДУШАНБЕ, 27.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Расо 22 сол қабл аз ин, 27 июни соли 1997, дар рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ҳамватанон чунин муроҷиат намуданд: «Бо дарназардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем».

Аз он рӯз ба баъд ва то кунун сулҳу Ваҳдати миллӣ ба як мавзуъи ҳамешагӣ дар адабиёт табдил ёфт. Адибони соҳибҳунари мо ба хотири дар ёдҳо зинда нигоҳ доштани Ваҳдат ҳамарӯза очерк, қисса, ҳикоя ва шеъру достонҳои   тоза эҷод мекунанд.

Устод Муъмин Қаноат дар шеъри «Оини Ваҳдат» аз Наврӯзи оламафрӯз омӯхтани рамузи Ваҳдатро хотирнишон намуда, ба қаҳрамони лирикии хеш бо чунин андарз рӯ меорад:

Ту Ваҳдат аз дили бекина омӯз,
Намуди ростӣ з-ойина омӯз.

Тай намудани роҳи сулҳу субот барои мардуми кишвар чандон осон набуд. Эшон умеду бовариро аз зиндагии осоишта канда, дар орзуи субҳи умед хоҳ-нохоҳ умр ба сар мебурданд. Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар ин орзуи мардуми кишварро дар шеъри «Мешуда бошад?» ба таври зайл инъикос намуда буд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Дар кашмакаши рӯзи фурӯзону шаби тор
Помолу фано зулмати шаб мешуда бошад?
Фарзанд, ки бар ҷони падар теғ кашида,
Бишкастагари теғи ғазаб мешуда бошад?…
Бар ҷойи ҳамин мамлакати сулҳҷудоям
Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад?

Ҳанӯз пеш аз расидани хабари хуши ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шоири шаҳир устод Лоиқ Шералӣ моҳи январи соли 1997 шодию тараби хешро дар шеъри «Сулҳи деринтизори мо» чунин ба қалам медиҳад:

Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Ҳоли зору низори мо бигзашт,
Вақти ҷуду нисори мо омад. 
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад!

Сафар Аюбзодаи Маҳзун дар шеъри «Ғазали Ваҳдат» ба Парвардигори оламу одам муроҷиат менамояд:

Ҳарфи ваҳдат беш гуфтем, ай Худо,
Қоли моро васл кун бо ҳоли мо.
Меҳр гар дорему сулҳу дӯстӣ,
Мурғи хушбахтӣ шавад ҳамболи мо.

Сафар Аюбзодаи Маҳзун дар шеъри дигари худ «Ғазали Ваҳдат» посух мегӯяд:

Чист ваҳдат? Эътибори миллат аст,
Зӯри бозуи замон дар ваҳдат аст.
Ваҳдат аст – ин қудрати ҳар давлате,
Ваҳдат – ин сармояи ҳар давлат аст.

Шоираи азизу маҳбуб Шаҳрияи Адҳамзод дар шеъри «Ханда кун» сари тифли тоҷикро модарвор навозиш мекунад:

Сулҳ омад бар Ватан, эй тифли тоҷик, ханда кун,
Решакан шуд Аҳриман, эй тифли тоҷик, ханда кун.
Чеҳраи тифлонаву мастури ту болида бод,
Шуд зи нав эҳё Ватан, эй тифли тоҷик, ханда кун.

Дар ин самт, адибони маъруф ва  ҷавони  тоҷик доир ба мавзӯи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ашъори рангин офаридаанд. Монанди, Убайд Раҷаб дар шеъри «Ватани Ваҳдат», Муҳаммад Ғойиб — «Ваҳдат»,   Меҳмон Бахтӣ — «Ғазали Ваҳдат», Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ — «Рӯзи мурод», Абдумалик Баҳорӣ — «Навҳаи наварӯс», Гулназар — «Субҳ омад», Гулрухсор — «Таронаи муҳаббат», Фарзона — «Паёми ниёгон», Сайидалӣ Маъмур — «Суруди Ваҳдат», Аскар Ҳаким  — «Сано», Бобо Ҳоҷӣ —  «Ҷашни миллат», Камол Насрулло — «Боз эҳё мешавем», Ҳақназар Ғоиб — «Бо дуои таманно», Раҳмат Назрӣ — «Риёзии Ваҳдат»,», Алӣ Бобоҷон-  «Нидои Ваҳдат» ва дигарон, ки дар рушди илму ирфон ҳиссаи арзишманду бебаҳс гузоштаанд.

Нозирҷон Боҳирӣ «Посбони марзи Ваҳдат», Зулфия Атоӣ «Таҳқир бас!», Низом Қосим «Эҳё», Шаҳрияи Адҳамзод «Паёми Ваҳдат», Ҳадиса «Суруди Ваҳдат», Собири Шоҳонӣ «Рубоиёти Ваҳдат» ва дигарон бо сатҳи ҷаҳонбинӣ, диду равиш ва сабку салиқаи хоси хеш дар таҳким ва қавӣ гардидани сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон саҳми босазо гузоштаанд.

Ин неъмати безавол, пеш аз ҳама натиҷаи заҳмат ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муьтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин саҳми қишрҳои ҷомеа, сохторҳои давлатию ҳукуматӣ ва кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон воқеан нақши сарнавиштсоз гузоштанд.

Шоир Содиқи КАШРӮДӢ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ шеъри тоза офаридааст, ки дар зер онро манзури хонандагон менамоем.

Қудрату нерӯи мо, аз Ваҳдат аст.
Ҷон дар бозуи мо, аз Ваҳдат аст.

Хушк гардад бе муҳаббат рӯдҳо,
Обҳо дар ҷӯи мо, аз Ваҳдат аст.

Даҳр бе Ваҳдат, чун дӯзах бувад,
Ҳастии минӯи мо, аз Ваҳдат аст.

Дур зи Ваҳдат одамӣ овора аст,
Ҷамъҳо дар кӯи мо, аз Ваҳдат аст.

Кай будӣ моро пайом аз дигарон,
Пайки хуш бар сӯи мо, аз Ваҳдат аст.

Мову ман орад ба ҷону тан хазон,
Сурхиҳо дар рӯи мо, аз Ваҳдат аст.

Нест бе Ваҳдат нишоту хуррамӣ,
Ҷашну суру тӯи мо, аз Ваҳдат аст.

Аз адоват баста гардад корҳо,
Равнақу нумӯи мо, аз Ваҳдат аст.

Бод Ваҳдат ҷовидон Содиқ ба даҳр,
Дӯстӣ дар кӯи мо, аз Ваҳдат аст.

Июнь 27, 2019 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»