Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон дар давраи садорати худ дар МҲТБО ба пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва мушорикати кишварҳоямон дар ин самт мусоидат хоҳад кард»

Июнь 19, 2019 14:58

ДУШАНБЕ, 19.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пойтахти кишварамон шаҳри дилорои Душанбе боз як бори дигар ҳамчун шаҳри ҷолибу ҷаззоб барои сайёҳону меҳмонони  хориҷӣ муаррифӣ шуд, зеро дар дили мамлакати азизамон панҷумин  Саммити  Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор гардид. Тоҷикистон ва пойтахти зебои он боз як бори дигар дар сархати расонаҳои олам қарор гирифт, ки боиси ифтихор аст.  Ҳамин аст, ки баргузор шудани панҷумин Саммити МҲТБО дар шаҳри Душанбе дар баробари боз ҳам тақвият додани обру ва эътибори мамлакат ба рушди сайёҳӣ такон тоза хоҳад бахшид. Чунин омодааст дар иттилоияи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» ирсол гардид.

Дар идомаи он тазаккур дода шудааст, ки ин аввалин Саммити МҲТБО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки моҳияти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дигарбора ба сифати  сиёсати сулҳҷуёнаю башардӯстона, симои Тоҷикистонро ба сифати кишвари биҳиштосо, босубот ва саршор аз ғановати сайёҳӣ ва мардуми онро меҳмондору меҳмонпазир муаррифӣ сохт.  Аз ҷониби дигар, моҳияти Саммити мазкур ба афзудани робитаҳои  сайёҳӣ заминаи муосид фароҳам месозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханрониашон дар ин Саммит изҳор намуданд, ки “Тоҷикистон дар давраи садорати худ ба пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва беҳтарсозии мушорикати кишварҳоямон дар ин самт мусоидат хоҳад кард.” Агар ба мантиқи ин  ҳадафи пешгузоштаи Пешвои миллат назар афканем, дар воқеъ дар асри ҷаҳонишавӣ ва пеш омадани зарурати ҳамгироии минтақавӣ дар сатҳи Осиё туризм як падидаи бисёр нодире хоҳад шуд, ки миллатҳои гуногунро бо ҳам  наздиктар месозад.

Барои кишвари мо рушди сайёҳӣ аҳамияти хоса дорад. Ташкили инфросохтори зарурии сайёҳӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани он, дар авалиявияти сиёсати Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Дастовардҳои Тоҷикистон  дар самти сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати  оқилонаи  Сарвари давлат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист. Дар ин талошҳои хастанопазири Пешвои миллат  пеш аз ҳама муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба халқу миллат таҷассум меёбад. Чун рушди ин соҳа ба иқтисодиёти мамлакат ва вазъи некуаҳволии мардум  таъсири бисёр амиқ гузошта, меҳмоннавозии беназири тоҷикона, фарҳанги  ғанӣ, сиришти маънавии миллат, ёдгориҳои арзишманди таърихӣ, табиати афсункори кишвар, обҳои мусаффову шифобахш, кӯҳҳои чун ғурури миллат баланди Ватан ва садҳо ғановати фарҳангӣ, табиӣ ва экологиро ҷаҳониён хоҳанд шинохт.

Эълон намудани соли 2017 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардум” бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат имкон фароҳам овард, ки таҳаввулоти чашмрасе дар самти сайёҳӣ ба амал ояд. Ин ташаббуси наҷиб дар доираи  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” (2019-2021) бомаром идома дорад. Бешубҳа, ин муҳаббати бепоёну ин ифтихори баланди Пешвои миллат нисбат ба Ватани азиз ва мардуми шарифи мо бояд барои ҳар яки мо намунаи ибрат ва сабақи бузурги ватандорӣ бошад.

Маврид ба таъкиди хос аст, ки  дар партави талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои байналмилалӣ дар бахши сайёҳӣ хеле густариш ёфт. Идома додани ин масир саҳифаҳои наву тоза дар самти сайёҳиро эҷод мекунад. Барои боз ҳам таҳким ёфтани соҳаи сайёҳӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иброз доштанд, ки   ҷониби Тоҷикистон бо манзури шиносоии васеи  намояндагони давлатҳои аъзои МҲТБО бо мероси фарҳангӣ-таърихӣ ва захираҳои ғании табиии мамлакат, ичунин таъсиси замина барои ҷустуҷӯйи роҳҳои ҷадиди ҳамкорӣ дар ин  самт чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд. Бояд гуфт, ки то ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар заминаи сайёҳӣ бо як қатори кишварҳои узви МҲТБО шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, аз ҷумла бо Федератсияи Россия,  Ҷумҳурии  Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва монанди инҳо. Бо мақсади ба имзо расонидани шартномаҳои ҳамкорӣ ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои мавҷуда  бо чандин кишвари дигари узви ин ташкилоти бонуфузи осиёӣ талошҳо идома доранд.

Меҳонони зиёди хориҷӣ дар ҳошияи Саммит аз табиат, зебогиҳои пойтахти мамлакат, расму оин, ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги мардуми  Тоҷикистон ошноӣ пайдо намуданд. Аз ҷумла зимни тамошо аз Намоишгоҳи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Боғи “Куруши Кабир” доир шуда буд, меҳмонони хориҷие, ки ба муносибати Саммити мазкур омада буданд, бо баёни таассуроти худ гуфтанд, ки фарҳангу маданият ва меҳмоннавозии тоҷикон моро тасхир кард.

Ҳамзамон ташрифи шумораи калони намояндагони ВАО аз хориҷи кишвар шукуҳи панҷумин Саммити МҲТБО-ро ба маротиб бештар кард. Бозтоби Саммит ва манзараҳои зебои мамлакати мо дар расонаҳои маъруфтарин дунё, монанди “Синхуа”, ССТВ, ИТАР ТАСС, “Ал- Ҷазира”, “Евронюс”, ББС ва садҳо расонаи дигар бешубҳа дар афкори умумии байналмилалӣ тассаввуроти ҷолиберо аз Тоҷикистон эҷод мекунад. Чунин бозтоби васеъ барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар   сабаб шуда, яке аз омилҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаю чандҷониба мегардад.  Раёсати Тоҷикистон дар МҲТБО ба марҳилае рост меояд, ки сесолаи “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳо мардумӣ” барои солҳои 2019-2021 идома дорад.

Дар ин росто дар ҳамкорӣ бо МҲТБО моҳи августи соли равон Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тоҷикистон-2019 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Дар маҷмуъ, дар сатҳи хеле баланд баргузор шудани ин чорабинии бисёр муҳими байналмилалӣ барои пайдо намудани роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ дар сатҳу сифати баланд мусоидат мекунад.

Июнь 19, 2019 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Тайиланд масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Пекин дар ҳамоиш доир ба масоили «Иқтисоди сабз» иштирок намуданд
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд
«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар Хатлон 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид
Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос гардид
Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад