Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Рашт мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Рашт дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷойгир буда, аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву ободкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебову муосир сохта шудааст.
Бинои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Рашт аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюми он маҷлисгоҳ ва 9 утоқи барҳавои кории муҷаҳҳаз бо ашёи зарурӣ барои кормандони ҳизб омода гардидаанд.
Дар ҳудуди иншоот барои ба талаботи меъёрҳои меъморӣ мутобиқ кардан саҳни ҳавлӣ сафолакпӯш ва атрофи он сабзазору гулкорӣ шудааст.
Мавриди зикр аст, ки сокинони ноҳия, аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ҳамаҷониба сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ карда, дар рушду пешрафти соҳаҳои муҳими ноҳияи Рашт саҳми сазовор мегузоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон баҳои баланд дода, ба мардуми ноҳия барои ҷонибдории ҳадафҳои созанда изҳори сипос карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






