Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод майдончаи футболбозиро ифтитоҳ карданд
ДУШАНБЕ, 24.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишии футболбозиро дар масоҳати 800 метри мураббаъ, ки аз ҷониби Федератсияи Футболи Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти варзишӣ моҳи майи соли ҷорӣ бо ҷалби сокинони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи июни соли 2019 ба анҷом расонида шуданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2014 — Соли оммавигардонии футбол дар Тоҷикистон эълон гардида буд ва дар ин замина, то имрӯз дар қаламрави мамлакат толору марказҳои муосири варзишии муҷаҳҳаз бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосири машқу тамрин барои солимии ҷомеа бо шароиту имкониятҳои фарох фароҳам оварда шудаанд.
Баъди мавриди истифода қарор додани майдончаи нави футболбозӣ дар ноҳияи Нуробод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сохта ба истифода додани чунин майдончаҳои варзишӣ дар қаламрави мамлакат дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» туҳфаи арзишмандест барои ҷавонони худогоҳ ва насли ояндаи тоҷик.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳорӣ боварӣ намуданд, ки футбол дар Тоҷикистон оянда метавонад муаррифагари кишвар дар арсаи олам гардад, зеро барои рушди он дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






