Раҷаббой Аҳмадзода ба осебдидагони офати табиӣ: бо се вақт хӯроки гарм, хайма, либосу ашёи зарурӣ таъмин мешавед
ДУШАНБЕ, 04.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои ошноӣ бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумак ба оилаҳои зарардида ба шаҳри Конибодом сафар кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.
Хотиррасон мешавем, ки шаби 2 июн бар асари боришоти зиёди борон дар бархе аз манотиқи шаҳри Конибодом, аз ҷумла ҷамоатҳои ба номи Ғафурҷон Ортиқов ва Пӯлотон сел омад ва офати табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳр зарар расонид. Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи боришоти зиёди пай дар пай ва омадани сел 55 хонаи сокинон зарар диданд ва аз ин миқдор ашёи рӯзгор ва лавозимоти зарурии 31 оила пурра нобуд гардид.
Айни замон бо ҷалби сохторҳои марбута корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷараён дошта, беш аз 250 нафар сарбозони қисмҳои низомӣ низ ба сокинон кӯмак расонида истодаанд. Баррасии хисороти воридшуда бошад аз ҷониби комиссияи махсус идома дорад.
Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинони зарардида изҳор дошт, ки оқибатҳои офати табиӣ пурра бартараф карда шуда, зарардидагон бо се вақт хӯроки гарм, хайма, либосу ашёи зарурӣ таъмин ва аз хизматрасонии хадамоти беҳдоштиву санитарӣ бархӯрдор хоҳанд шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои суҳбат бо мардуми зарардида ҳамзамон аз мушкилоти онҳо бохабар шуда, ба масъулини ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли онҳо супоришҳои мушшахас дод.
Манбаъ қайд намудааст, ки барои пурра ба анҷом расонидани корҳои бартарафсозӣ ситоди доимоамалкунанда ташкил гардидаааст.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






