Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода: «Ваҳдати миллӣ нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон афзуд»

Июнь 26, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Фардо мардуми сарбаланди Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ,  22- солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҷашн мегиранд. Аслан  22 сол барои таърих муддати чандон тулонӣ набошад ҳам, вале барои мардуми тоҷик ин давра тақдирсозу хотирмон маҳсуб мешавад.

Дар ин бора мулоҳизаҳои раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода, ки ба АМИТ «Ховар» пешниҳод шудааст, манзур мегардад:

— Бо азму иродаи қавӣ ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳдномаи сулҳи тоҷикон амалӣ гардид. Дар пайомади заҳматҳои беандозаи Сарвари давлатамон Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии  мамлакат ва ягонагии миллат мустаҳкам гардида, таъмини сулҳу суботи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалй пазируфта шуд. Ба имзорасии созишномаи сулҳ — Ваҳдати тоҷикон нуфузи давлатамонро баланд намуда, имрӯз ҷаҳониён онро ҳамчун таҷрибаи сулҳофарӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Расидан ба сулҳу ваҳдат  имконият фароҳам овард, то ки заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷомеа таҳким ва қонунгузорӣ такмил дода шуда, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар заминаи сулҳу суботи ҷомеа таъмин гардад. Ба ин васила вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа баланд ва барои инкишофи озодона фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як инсон замина гузошт.

Рӯйдоди дигари муҳими таърихии бо Созишномаи сулҳ рабт дошта, ислоҳоти конститутсионии соли 1999 мебошад, ки он дар таърихи сиёсии Тоҷикистон тағйиротро ба миён оварда, ҳокимияти қонунгузорро ба ду палата, палатаи болоӣ ва палатаи поёнии доимоамалкунандаи касбӣ ҷудо намуд.

Инчунин воқеан таъмин намудани мустақилияти сохтори судӣ бо баровардани он аз ҳайати ҳокимияти иҷроия аз ҳамин давра ибтидо гирифта, суд ба як воситаи асосии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд — институти муҳими давлати демокративу ҳуқуқбунёд мубаддал гардид. Мавқеъ ва вазифаи ҳокимияти судӣ дақиқан дар Конститутсияи ҷумҳурӣ  муайян  шуда, эътироф гардид, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ буда, дар навбати худ боварии ҷомеа ба ҳокимияти судӣ яке аз омилхои муҳими оромию суботи мамлакат маҳсуб мешавад.

То ба имрӯз дар раванди ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ бобати баланд бардоштани обрӯву нуфузи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, таъмини мустақилияти судӣ, такмилу тавсеи сохтори судӣ, таҳкими қонунгузории соҳа корҳои назаррас амалӣ карда шуда, андешидани тадбирҳо дар ин самт дар Барномаи навабтии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ таъкид гардидааст.

Пешвои миллат нақшаҳои минбаъадаи рушду ободии Ватан, эҳёгардонии таъриху фарҳанг, ҳадафҳои стратегии мамлакатро муайян намуда, ба маром Тоҷикистон мақсадҳои стратегии рушди миллиро амалӣ намуда, пеш меравад, ободу зебо мегардад. Дар Паёми навбатӣ Президенти мамлакат  саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда, дар заминаи расидан ба ин ҳадафҳо, бобати дастгирии соҳибкорӣ, беҳтар кардани фазои саромоягузорӣ мукаммалгардонии қонунгузорӣ дар ин самт дар назди мақомоти давлатӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Ваҳдат буд, ки мардуми тоҷик бахту саодату суботу рӯзгори осоиштаро дубора соҳиб гардид. Тоҷикистон дар заминаи эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ бо давлатҳову созмонҳои байналмилалӣ муносибатҳои мутақобиларо ба роҳ монда, дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳалли масъалаҳои глобалиро бардошта, ҳамоишҳои сатҳи байналмилалиро дар макони худ баргузор менамояд, ки ин ҳама боиси ифтихор аз Пешвои миллат, меҳани биҳиштосо ва табиати нотакрори Ватани маҳбуб мебошад.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо гузашти солҳо дар сиришту фитрати насли оянда ифтихор аз фаъолияти босамари ҳар яки мо дар таъмин ва таҳкими Ваҳдати миллӣ чун дастоварди беназиру гаронбаҳо ва саҳми арзанда дар ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва рушду ояндаи неки Ватани маҳбубамон ҷой гирифта, дар онҳо эҳсоси худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастиро сайқал медиҳад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ифтихори ҷашни 22 — юмин солгарди ба имзо расидани санади барои халқу давлати мо тақдирсоз — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, мардуми Тоҷикистони азизро муборакбод менамоям.

Ба кулли ҳамватанон тансиҳативу саодатмандӣ, пирузиву музаффариятҳо, осоишу ободии сарзамини маҳбубамон ва ба ҳар фарди ҷомеа ҳисси баланди ватандориву посдории муқаддасоти умумибашарӣ – сулҳу оромии тамоми сайёраро таманно мекунем.

 

Июнь 26, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд