СММ: аҳолии Тоҷикистон то соли 2050 беш аз 5 миллион нафар афзоиш меёбад

Июнь 19, 2019 12:15

ДУШАНБЕ, 19.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи аҳолии сайёра то 30 соли ояндаи наздик 2 миллиард нафар зиёд шуда, он аз 7,7 миллиард нафар дар соли 2019 ба 9,7 миллиард нафар дар соли 2050 мерасад. Дар баробари ин аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ то соли 2050 ба беш аз 5 миллион нафар афзуда, зиёда аз 14,5 миллион  нафарро ташкил хоҳад дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ҳисоботи Раёсати масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ «Дурнамои аҳолии ҷаҳон – 2019: Тамоюлҳои асосӣ» («World Population Prospects 2019: Highlights») хабар медиҳад.

Ҳамчунин тибқи ҳисоботи мазкур, аҳолии Тоҷикистон то соли 2095 ба беш аз 18,7 миллион нафар хоҳад расид, ки ин нишондод нисбат ба соли 2019 1 баробар зиёд мебошад.

Аҳолии мамлакат ба ҳолати 19 июни соли 2019 беш аз 9.29 млн. нафар буда, 0.12 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Аз рӯи шумораи аҳолӣ Тоҷикистон миёни кишварҳои ҷаҳон дар зинаи 96-ум қарор дошта, суръати афзоиши аҳолии он дар соли 2019 2.03 дарсад мебошад.

Дар асоси пешгӯиҳо, Тоҷикистон то соли 2050 аз рӯи шумораи аҳолӣ миёни кишварҳои ҷаҳон ба зинаи 82-юм ва то соли 2095 ба зинаи 78-ум мебарояд.

Мутобиқи пешгӯиҳои демографӣ, ҳамагӣ дар 9 кишвар — Ҳиндустон, Нигерия, Покистон, Ҷумҳурии Демократии Конго, Эфиопия, Танзания, Индонезия, Миср ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка то соли 2050 афзоиши назарраси аҳолӣ ба чашм мерасад. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки то соли 2027 Ҳиндустон яке аз кишварҳои сераҳолитарини дунё гардида, аз рӯи ин нишондод аз Чин пеш мегузарад. Инчунин то соли 2050 дар 55 кишвар камшавии шумораи аҳолӣ ба чашм расида, дар 26 тои онҳо коҳишёбӣ зиёда аз 10 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Бино ба маълумоти манбаъ, аҳолии қитъаи Осиё, ки айни ҳол беш аз  4,58 млрд. нафар ё 59.43 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, то соли 2050 ба беш аз 5,25 млрд. нафар расида, дар соли 2095 бошад то ба 4,85 млрд. нафар коҳиш меёбад.

Ҳамзамон аҳолии Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон), ки ҳоло беш аз 72,85 млн. нафар ё 0.94 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, то соли 2050 ба беш аз 94,4 млн. нафар ва то соли 2095 ба зиёда аз 100,5 млн. нафар мерасад.

Муаллифони тадқиқот бар он назаранд, ки аҳолии сайёра метавонанд то соли 2100 тақрибан ба ҳадди максималӣ, яъне 11 млрд. нафар расад.

Бояд гуфт, ки ҳисоботи «Дурнамои аҳолии ҷаҳон – 2019: Тамоюлҳои асосӣ» таҳлили муфассали моделҳо ва тамоюлҳои демографии дар ҳоли ҳозир анҷомшударо дар бар мегирад.

Июнь 19, 2019 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он