ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 июн, сешанбе, 155-умин рӯзи соли 2019 аст

Июнь 4, 2019 08:00

4 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин ташриф оварданд.

***

4 сол пеш, 4 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ  ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат фабрикаи маъданғанигардонии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Покрӯд» ба фаъолият шурӯъ кард.

 4 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Ингушистон — Рӯзи маориф.

***

Дар Молдова — Рӯзи кормандони бонк.

***

Дар Финландия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.

***

Дар Қазоқистон — Рӯзи рамзҳои давлатӣ.

 РӮЙДОДҲО:

4 июни соли 2010 дар шаҳри Москва аз ҷониби тоҷикон созмони хайриявии «Даргил наник» таъсис  дода шуд.

***

4 июни соли 2013 Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Лора Пак мулоқот кард. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои тақвияти раванди ин ҳамкорӣ тадбирҳои зарурӣ   меандешад.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.

***

4 июни соли 1940 дар шаҳри Москва варзишгоҳи «Динамо» мавриди истифода қарор дода шуд.

***

63 сол муқаддам, 4 июни соли 1956 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пардохт барои таҳсил дар мактаби миёна ва олӣ бекор карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1970 Тонга аз Британияи Кабир истиқлолият ба даст овард.

***

4 июни соли 1975 аввалин маротиба пахши мустақими телевизионӣ аз ҷараёни ҷаласаи парлумони Англия сурат гирифт.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1956 дар Иттиҳоди Шӯравӣ шумораи нахустини киномаҷаллаи ҳаҷвии «Фитил»  ба экран баромад.

***

Соли 1922 дар замимаи нашрияи шӯравии «Рабочая газета» аввалин шумораи маҷаллаи суратдори «Рабочий» нашр шуд, ки пас аз чанд вақт номи «Крокодил»-ро гирифт.

 

Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Июнь 4, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш