ВАҲДАТ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ. Дар ин бора Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода изҳори назар намуд

Июнь 24, 2019 10:31

ДУШАНБЕ, 24.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдат ва амну суботи миллӣ дар ҳар давру замон новобаста ба давраҳои таърихӣ ҳамеша мазҳари идеалу ормонҳои волои инсон буда, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми мубориз, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувияти мо ба шумор мерафт.

Ин падидаҳои бемислу хуҷастаи замони Истиқлолият, ки ба ҳам тавъам мебошанд ва якдигарро пурра мекунанд, ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат, тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти асолати таърихии миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва пойдориву бақои давлат буда, дар сиришти миллати тоҷик ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагиро тақвият мебахшанд.

Ваҳдати миллӣ, ки маҳз ба шарофати талошҳои қаҳрамононаи фарзанди баруманди милати тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омад, ба мардуми тоҷик қувваи тавоно бахшида, барои таҳкими суботу оромӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум дар шароити ташаккули давлатдории навин замина гузошта, барои рушди муназзам ва устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаётии  мамлакат  шароити заруриро фароҳам овард.

Имрӯз бо гузашти 22 сол аз имзои Созишнома ҳамчун санади ҳамгироиву ҳамдигарбахшӣ, ки назири худро дар ҷаҳон надорад, мебинем, ки ғояи муқаддаси ваҳдату инсондӯстӣ ҷузъи таркибии хиради сулҳҷӯёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми ҷумҳурӣ  ва таҳкимбахши равандҳои демократии ҷомеа гардидааст.

Ба шарофати Ваҳдати миллӣ, ки беҳтарин неъмат ва волотарин дастовард дар даврони истиқлол мебошад, ҳифзи арзишҳои миллӣ  таъмин карда шуда, сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ифтихори миллии ҷомеа таҳким ёфт ва дар заминаи дипломатияи ҳамкорӣ давлати демократию ҳуқуқбунёдамон мақоми шоистаро дар низоми сиёсати ҷаҳонӣ ва арсаи байналмилалӣ ба даст овард.

Шаҳодати ин гуфтаҳо, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва байналмилалии мамлакат ба вуқӯъ пайвастани рӯйдодҳои бузурги таърихӣ, аз қабили Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 15 июни соли равон дар пойтахти Тоҷикистон  — шаҳри Душанбе таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 27 кишвари ҷаҳон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланди сиёсӣ доир гардид. Дар доираи ҳамоиш мавзӯъҳои муҳими ҷаҳони муосир, аз ҷумла муборизаи муштарак бо ҷиноятҳои марбут ба терроризму ифротгароии сиёсию динӣ матраҳ гардид, ки шаҳодати нақши калидӣ доштани Тоҷикистон дар ҳалли мушкилиҳои умдаи сайёра мебошад.

Роҳбари давлат дар ин чорабинии муҳими сатҳи байналмилалӣ бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор сохтанд, ки «Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоно ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд».

Дар ин ҷода Пешвои миллат бобати муборизаи муштарак бо ин вабои аср аз ҳамагон даъват ба амал оварда, зикр доштанд, ки «Мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат андешидани тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақозо менамояд».

Таърих борҳо собит сохтааст, ки аз ҷониби давлатҳо дар танҳоӣ мубориза бурдан бо ҷинояту ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти минтақавию байналмилалидошта начандон натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда метавонад ва танҳо муборизаи дастҷамъонаю муштарак дар доираи узвияти созмонҳои мухталиф ва ҳамкории байналмилалӣ мумкин аст, ки садди роҳи ҷинояткорон гирифта шавад.

Имрӯз барои муътадил нигоҳ доштани вазъи геосиёсии ҷаҳону минтақаҳои алоҳида ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳои мудҳиш ба мисли терроризму ифротгароии байналмилалӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили СММ, ИДМ, СҲШ, САҲА ва дигар созмонҳои бонуфуз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли онҳо мебошад, нақши калидӣ доранд.

Ноором гардидани вазъият дар як давлат ва ё минтақаи алоҳида, метавонад суботи оромии дигар давлатҳоро халалдор сохта, заминаҳои ваҳдати миллии дилхоҳ давлатро, ки асоси пойдориву рушди онро ташкил мекунад, коста гардонад ва хатаровар аз ҳама давлату миллати алоҳидаро ба нестӣ биёрад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давраҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кард, чӣ гуна фоҷиа-воару даҳшатнок будани оқибатҳои нангини онро медонад ва ҳамеша хостори сулҳу субот дар тамоми минтақаю ҷаҳон, риояву эҳтироми принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои волои инсонӣ, инчунин ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалии ҳамҷавор дар заминаи эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

Чуноне, ки Роҳбари давлат зимни суханронӣ Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иброз доштанд: «Баъди аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 90-уми қарни гузашта Тоҷикистон қадру қимати сулҳу суботу оромиро ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад».

Мо ба хубӣ медонем, ки сулҳу субот, ваҳдату оромӣ ва ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки миллат сарҷамъ гардид, давлат рушд кард, аҳолӣ анқариб ба 10 миллион нафар расид, кишварро тамоми ҷаҳон шинохт ва эҳтиром кард, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ таъмин шуд, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудаю ҳифз гардиданд. Конститутсия ва санадҳои қонунгузории зиёд қабул шуданд, адолати иҷтимоӣ пойдор шуд, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ рушд ёфтаанд ва сатҳу сифати зиндагии мардум боло гардид, ҳадафҳои бузургу созанда амалӣ шуданд. Аз ҷумла бобати таъмини истиқлолияти энергетикӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд ва бо ифтитоҳи ин Кохи нур орзуву ормонҳои деринаи миллати мо амалӣ гардид.

Ба кор андохтани иншооти бузурги аср, ки сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди барӯманди Тоҷикистон ба шумор меравад, рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, шаҳодати он аст, ки ба шарофати ҷаҳду талошҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат мушкилиҳои сиёсию иқтисодӣ ва масъалаи норасоии барқ паси сар карда шуд.

Бешубҳа, ин дастоварди азим ва туҳфаи таърихӣ, садсолаҳо ҳамчун омили муҳими рушду таҳкими муназзами кишвар ва рамзи нангу номуси ватандорӣ ба мардуми фарҳангсолору тамаддунофари миллати тоҷик хизмат хоҳад кард.

Ҳамчунин дар соҳаҳои сиёсату иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанг, умуман дар тамоми ҳаёти ҷомеа дигар дастовардҳои азим ба даст омаданд, ки ин ҳама натиҷаи ваҳдату оромӣ дар  мамлакат  мебошад.

Аз ин рӯ, ҳамагон бояд дарк кунанд, ки ба даст омадани ваҳдату суботи комил дар сарнавишти куҳан ва тақдири миллат пирӯзии бузургу бемисл маҳсуб меёбад ва ба шарофати он давлати миллиамон ҳифз гардид, осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии ниёгонамон, ки кафили пешрафт ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд, ҳифзу эъмин нигоҳ дошта шуд.

Имрӯз аз ҷониби аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон омӯзишу дарк наму-дани аҳамияти фалсафию иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии падидаи ваҳдати миллӣ аҳамияти муҳиму авалиндараҷа дошта, бояд ба ваҳдату озодӣ чун шаҳсутуни ҳастии миллат эҳтиром гузошта шавад.


Даврон ҲОШИМЗОДА,
Судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2019 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода