Вазири фарҳанги Тоҷикистон: «Ваҳдати миллӣ дар таҳкими фарҳангу маънавиёт ва рушди ин соҳа нақши муассир дорад»
ДУШАНБЕ, 21.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мусаллам аст, ки ҳар як кишварро дар ҷаҳони мутамаддин маҳз тавассути фарҳанги ҳамон миллат мешиносанд. Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик на танҳо сулҳу оромӣ, балки эҳёи суннатҳои миллиро низ насиб гардонид, ки имрӯзҳо мо самараи онро мебинем. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ эҳёкунандаи арзишҳои маънавӣ, таҳкимбахши суннатҳои волои фарҳанги миллӣ ва мероси ғанӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда мебошад. Дар барномаи навбатии «Ҷаҳони андеша» Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода роҷеъ ба «Нақши Ваҳдат дар таҳкими фарҳанги миллӣ» андешаҳои худро баён медоранд.
Шумо метавонед барномаи «Ҷаҳони андеша»-ро фардо, 22 июни соли 2019 соатҳои 10:30, 15:30 ва 19:30 аз Радиои “Ховар” бишнавед.