«Забони тоҷикӣ қудрати тарҷумаи калимаҳои нав, аз ҷумла истилоҳоти марбут ба технологияи муосирро дорад», — бардошт аз конференсияи ҷумҳуриявӣ
ДУШАНБЕ, 20.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Воситаҳои ахбори омма дар баробари шоирону нависандагон ва забоншиносон тарғибкунанда ва муаррифии забони давлатии ҳар мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, беғалат ва равшану возеҳ пахш ва чопи матолиби воситаҳои ахбор метавонад ба инкишоф ва тозагии забон боис гардида, сокинони ҷумҳуриро ба дурусту беҳамто ҳарф задан тарғиб кунад. Ин матлабро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода зимни суханронӣ дар конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар», ки ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда буд, иброз намуд.
Сабаби риоя нагардидани меъёрҳои забони адабӣ, қоидаҳои имло ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар баъзе аз рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои телевизиону радио Раиси Кумитаи забон дар надонистани Қойидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ вобаста донист.
Гавҳар Шарофзода инчунин аз таъкидҳои Президенти мамлакат дар бораи риояи забони давлатӣ дар ВАО ёдовар шуда, гуфт, ки вазифаи соҳибзабонон пос доштани ин мероси муқаддас ва бе газанд расонидани он ба наслҳои оянда мебошад.
Дар ҳамоиши мазкур олимону забоншиносони ВМКБ, вилоятҳои Суғу Хатлон ва дигар навоҳии мамлакат, сармуҳаррирони матбуоти маҳаллӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва ВАО иштирок доштанд. Дар конференсия 7 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутухассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, номзади илмҳои филология Саодатшо Матробиён дар мавзӯъи «Қоидаҳои имло танзимкунандаи шакли хаттии забони адабӣ», узви вобастаи Академияи илмҳо, доктори илмҳои филология Сайфиддин Назарзода дар мавзӯи «Матбуот — оинаи забон», доктори илмҳои филология Баҳриддин Камолиддинов дар мавзӯи «Баъзе ғалатбандӣ дар забони матбуот», доктори илмҳои филология Назрӣ Офаридаев роҷеъ ба «Вазъи забони матбуоти маҳаллӣ», профессор Шаҳбоз Кабиров дар мавзӯи «Устод Айнӣ ва забони зинда», Сардабири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ», номзади илмҳои филология Рустам Ваҳҳобзода дар бораи «Баъзе масъалаҳои матбуоти имрӯз», доктори илмҳои филология, профессор Олимҷон Қосимов дар бораи «Меъёрҳои адабӣ ва забони расонаҳои хабарӣ» маърӯза намуданд.
Таъкид гардид, ки матбуот аз замони пайдоиш инъикосгари рушду густариш ва тағйироту дигаргуниҳои забони модарии мо будааст. Забон муҳимтарин унсури таъинкунандаи миллат ва унсури вуҷуди ҳар як давлати миллӣ мебошад. Забони тоҷикӣ ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад, аз ин рӯ ВАО, умуман аҳли ҷомеаро месазад, ки баҳри пешбурди сиёсати давлат оид ба забони давлатӣ ҳамчун забони миллӣ хизматҳои арзанда кунанд.
Доктори илмҳои филология Сайфиддин Назарзода дар бораи сабку тарғиби идеяҳои давлату Ҳукумат, вазифаҳои муҳаррирону мухбирони рӯзномаҳои тоҷикӣ дар давраҳои гуногун ибрози андеша намуд. Номбурда аз гуфтаҳои устод Айнӣ, ки дар рушди матбуоти тоҷик нақши бузург бозидааст, мисолҳо овард. Аз ҷумла зикр гардид, ки устод Айнӣ дар яке аз мақолаҳои худ соли 1924 дар бораи аҳамияти рӯзнома дар ҳаёти ҷомеа навиштааст: «Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад гӯё, ки забон надорад. Яъне қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст».
Инчунин таъкид шуд, ки устод яке аз вазифаҳои матбуоти тоҷикро дар ҷамъоварӣ ва нашри калимаву вожагони забон дониста, соли 1926 дар мақолаи дигари худ оид ба нақши муҳаррирон ва мухбирон дар густариши забони меъёр, ба вуҷуд овардани забони илмӣ ва ҷамъоварии вожаву истилоҳоти забон чунин зикр кардааст: «Вазифаи бузург, ки дар гардани ходимони матбуот ва нашриёти тоҷик аз тарафи меҳнаткашони тоҷик бор шудааст, аз ҷиҳати забон наздик кардани матбуот аст ба оммаи мардуми тоҷик. Дар сурати давоми ин гуна кӯшиш имрӯз набошад фардо забони соддаи ҳамафаҳфи илмии тоҷик ба миён омаданаш муқаррар аст».
«Устод Айнӣ ҳамеша аз ноширону мухбирон талаб менамуданд, ки ҳар шахс дар мақолаву хабарҳои худ дар баробари овардани калимаву ибораҳои лаҳҷавӣ меъёрҳои забони адабиро ҳатман риоя намояд, луғоту забони ҷойи бошиши худро мувофиқи қоидаи форсӣ ба кор бурдан гирад, дар натиҷа рӯзнома як сарчашмаи луғоти мардум хоҳад шуд. Манзур ин аст, ки дар ҳақиқат намояндагони ВАО дар инъикоси рушду густариш ва тағйироту дигаргуниҳои забони модарӣ нақши назаррас дорад», -илова намуд забоншиноси тоҷик.
Доктори илмҳои филология Баҳриддин Камолиддинов фикрҳояшро дар бораи баъзе ғалатбандӣ, талаффузу навишти забони матбуот ва наттоқону рӯзноманигорони радиову телевизионҳои мамлакат иброз намуд. Мавсуф пешниҳод кард, ки одоби муносибат, ки этикети байналхалқӣ аст бояд, пеш аз ҳама, аз ҷониби намояндагони ВАО риоя шавад.
Сардабири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ», номзади илмҳои филология Рустам Ваҳҳобзода аз забони имрӯзаи рекламаҳои таблиғотӣ изҳори норозигӣ намуда, зикр кард, ки забони тарҷумаи ВАО ба талабот ҷавобгӯ нест. Зеро дар бисёр ҳолатҳо маводҳо бемаънӣ ва комилан ғалат тарҷума мешавад, ки ин аз надонистани забони русӣ дарак медиҳад. Аз иқтибосҳои бемавриди забони матбуоти байналмилалие, ки ҳамзабонони мо ҳастанд, бояд даст кашем.
Масъалаи дигари баҳснок-ин тарҷумаи истилоҳоти иқтибосшуда мебошад. Дар робита ба ин Р. Ваҳҳобзода зикр кард, ки калимаҳои хориҷие, ки чун истилоҳ ба забони мо ворид мешаванд, бояд тарҷума карда шаванд. «Агар мо калимаҳои иқтибосиро тарҷума накунем, бо ин суръате, ки истилоҳоти нав дар фазои ахбори ҷаҳонӣ мечархад баъди чанд муддат аз забони мо чизи каме боқӣ мемонад. Забони тоҷикӣ қудрати тарҷумаи калимаҳои нав, аз ҷумла истилоҳоти марбут ба технологияи муосирро дорад, яъне муодили онҳоро ёфтан мумкин аст»,-хулоса кард номбурда.
Дар интиҳои конференсия бо назардошти фикру мулоҳизаҳои иштирокдорон тавсиянома барои ВАО қабул гардид, ки ҷиҳати татбиқ ва корбарӣ ба мақомоти дахлдор ирсол карда мешавад.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»