ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Абдураҳмон Шораҳматов дар Ҷамоати деҳоти Ворух нахустин мактаби хусусӣ бунёд менамояд
ДУШАНБЕ, 09.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара сохтмону навсозии 33 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, соли 2019 бо саҳмгузории аҳолӣ ва соҳибкорони деҳоти Ворух бунёду навсозӣ, таъмиру тармим ва муҷаҳҳазнамоии 14 иншоот роҳандозӣ гардидааст.
Аз Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Исфара ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот бо Раиси шаҳри Исфара роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкорони бурунмарзии Исфара дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Сорбон Савриддинов изҳор кард, ки соҳибкорони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар яке аз маҳалҳои нави аҳолинишини деҳа як мактаби муосир сохта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толибилмон туҳфа менамоянд. Инчунин сарвари Литсейи №3-и деҳа, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Шораҳматов низ тасмим гирифтааст дар деҳоти Ворух нахустин мактаби хусусӣ бунёд намояд.
Бино ба маълумоти Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода, дар айни ҳол дар ҳудуди деҳоти дурдаст ва наздисарҳадии Ворух аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ба маблағи зиёда аз 30 миллион сомонӣ сохтмону навсозии 5 иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад.
Айни замон дар ҳудуди деҳоти Ворух навсозии бинои Қасри фарҳанги деҳа бо 650 ҷойи нишаст, толори ақди никоҳ, китобхона, утоқҳо барои маҳфилҳои мухталиф ва кошонаи ҳусн ба маблағи умумии 12 млн. сомонӣ, сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар МТМУ№23 барои 240 ҷойи нишаст ба маблағи 3 млн. 240 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои нави таълимӣ бо толори варзишӣ дар маҳаллаи Сангтӯда барои 720 ҷойи нишасти таълимӣ ба маблағи 8 млн. 240 ҳазор сомонӣ, мумфарш намудани 4 км роҳи марказии самти Ворух -Чоркӯҳ ба маблағи 3 млн. сомонӣ, сохтмони чоҳи амудӣ дар маҳаллаи Бумиён ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ, инчунин мумфарш ва чароғонкунии 1,5 км роҳи маҳаллаи Сангтӯда аз кӯчаи марказӣ то мактаби навбунёд, сохтмони толори муосири варзишӣ дар маҳаллаи Қалъача бо 200 ҷойи нишаст идома доранд.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тадбирҳои созандагӣ ва ободонӣ амалӣ гардонида мешаванд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ барои кӯдакону наврасони ятим ҳамоиши идона доир гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Дар ноҳияи Восеъ мумфаршкунии роҳҳо вусъати тоза меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии «Ҳаёт»-ро ба истифода доданд
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 11 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди ҶДММ «Ирода Инвест» оғоз бахшиданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад






