ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: дар ноҳияи Дӯстӣ ду бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 02.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми қаламрави мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.
Бахшида ба ин ҷашни миллӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон ва Агентии мазкур дар деҳаҳои Нуробод ва Найсони ноҳия ду адад бунгоҳҳои тиббии замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоту воситаҳои зарурӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ, ки ҳар кадоми онҳо бо харҷи зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардидаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдасти мамлакат ба хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳои гуногун, коҳиш додани хавфи фавти модару кӯдак ва таъсиси ҷойҳои хатнаи кӯдакон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Бунгоҳҳои тиббии мазкур бо ҷалби қувваи кории сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, дар онҳо 10 нафар мутахассисони соҳаи тиб бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.
Инчунин дар маркази ноҳияи Дӯстӣ як майдончаи варзишии замонавии пӯшида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Майдончаи мазкур аз ҷониби соҳибкори бономуси ноҳия бо харҷи зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, барои бозии футболи хурд дар ҳамаи фасли сол пешбинӣ гардидааст.
Хотиррасон менамоем, ки сокинони ноҳияи Дӯстӣ аз ин иқдоми шоиста ва саховатмандию бунёдкориҳои соҳибкорон ва шахсони бонанги ватандӯст изҳори қаноатмандӣ намуда, миннатдории самимии худро ба онҳо баён намуданд.










«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






