ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони Истаравшан дар бунёди иншооти иҷтимоӣ саҳм мегузоранд

Июль 8, 2019 10:20

ДУШАНБЕ, 08.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони истаравшанӣ омодаанд, ки аз ҳисоби пасандозҳои худ дар диёре, ки ба воя расидаанд, якчанд иншооти иҷтимоӣ сохта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони деҳаҳои шаҳри Истаравшан туҳфа намонд. Ин матлабро  соҳибкорони шаҳри Истаравшан, ки дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Красноярски Федератсияи Россия фаъолият доранд, дар мулоқот бо иҷрокунандаи Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода изҳор доштанд.

Тавре роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Истаравшан Акбар МАЪРУФОВ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз дошт, мақсади вохӯрӣ амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020», инкишоф додани робитаҳо бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади ҷалб намудани онҳо барои мусоидат намудан ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳр мебошад.

Зимни вохӯриҳо оид ба муҳтавои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андеша карда шуд. Зикр гардид, ки бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан баҳри ободу зебо гардидани шаҳр 450 адад иншоот ба нақша гирифта шудаанд, ки соли равон аз ҷониби соҳибкорон, саховатмандон ва аҳли ҷамоат 152 иншооти гуногун ба истифода дода шуданд.

Соҳибкорони маҳаллӣ ва бурунмарзии зодаи шаҳри Истаравшан  ҳама ташаббусу иқдомоти созандаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, зикр карданд, ки «бунёди иншооти иҷтимоию истеҳсолиро дар деҳаҳои дурдасти диёр ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, дар бунёди онҳо кумаку мусоидат менамоем».

Аз ҷумла, соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Гули сурх омодагии худро барои бунёди  як бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизот ва майдончаи варзишӣ дар деҳаҳои Боғи калон ва Сари мазор иброз намуданд.

Инчунин соҳибкор Хайём Ҷамолов, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Гули сурх, деҳаи Боғи Калон иқдом гирифт, ки бо мақсади ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ дар шаҳраки навбунёди «Баҳористон» маҷмааи савдо ва хизматрасонӣ бо маркази фароғатиро ба истифода диҳад.

Соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Қалъачаи калон тасмим гирифтанд, ки бо мақсади ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани 40 нафар бонувону занони хонашин коргоҳи дӯзандагӣ бунёд намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Истаравшан баҳри сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ роҳбарии гурӯҳи кориро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ба уҳда дошта, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва созандагӣ дар шаҳр зери назорати доимӣ қарор дорад.

Июль 8, 2019 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ бунёд мегарданд
Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ба маблағи 7 миллион сомонӣ камбудии молиявӣ ошкор намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани талаботи бехатарии саноат 226 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 824 деҳаи Тоҷикистон таҳқиқоти муҳандисию геологӣ гузаронида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 28 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Дар корхонаҳои саноатии Мастчоҳ ба маблағи беш аз 410 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад
Ҳоким Холиқзода бо муовини Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон мулоқот намуд
Дар Мурғоб неругоҳи хурди офтобӣ бо иқтидори 1300 кВт ба истифода дода шуд
Дар Душанбе нахустин мағоза бо бренди «Тоҷикзамин» ифтитоҳ гардид
Масъалаи харидории ҳавопаймоҳои «COMAC» ва парвозҳои нав ба шаҳрҳои Чин муҳокима гардид
Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» баргузор мешавад