Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон анборхонаи дуошёна ва Маркази хизматрасонӣ бунёд мекунад
ХОРУҒ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анборхонаи дуошёна ва Маркази хизматрасонӣ бунёд кунад.
Зеро ҳамасола дар фасли зимистон яке аз роҳҳои душворгузари кӯҳӣ дар байни маркази ноҳияи Рӯшон ва ҷамоатҳои деҳоти водии Бартанги ин ноҳия бар асари тармаву сел ва сангчарх зуд-зуд баста мешавад.
Аз ин рӯ ниҳодҳои давлатию хусусӣ дар интиқол додани молу коло ба ин водӣ дар се моҳи фасли сармо душворӣ мекашанд. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Маҷид Маҷидов гуфт, ки «ҳоло мутобиқи “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии водии Бартанг”, ки онро Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тасвиб расонд, аз нисф бештари роҳи мошингарди ин водӣ ҳамвор ва васеъ гардида, корҳои таъмиру таҷдиди роҳ идома доранд. Аммо ҳанӯз ҳам баъзе аз қитъаҳои роҳ дар фасли сармо барои ҳаракати нақлиёт хатарзо буда, барои интиқоли борҳои зарурӣ монеа эҷод мекунанд. Бинобар ин Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сари вақт интиқол додани маводи мавриди ниёзи аввал дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон соли гузашта таҳкурсии анборхонаи Агентии захираҳои моддиро гузошт. Қарор аст, ки он дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад».
Бояд гуфт, ки молу колои зарурӣ дар ин анборхона қаблан захира карда мешаванд ва аз аввали баҳор то фасли тирамоҳ интиқоли он ба водии Бартанг оғоз меёбад.
Сохтмони анборхона ва маркази хизматрасониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шарқиншоот» бар уҳда дорад. Директори он Асадулло Ғайратов гуфт, ки дар ин мавзеъ дар баробари сохтмони анборхона барои маводи озуқаворӣ, ҳамчунин базаи нафт, мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, нуқтаи сӯзишворӣ, меҳмонхона ва ошхона бунёд мегарданд. Бо мақсади бо гармӣ таъмин намудани иншоот дар фасли зимистон дар канори он буғхона бо зеристгоҳ сохта мешавад. То имрӯз аллакай 85 фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом пазируфта, 40 нафар аз бинокорон ба бунёди инфрасохтори иншоот машғул мебошанд. Баъди ба истифода супурдани ин иншоот қариб 20 нафар аз сокинони деҳот ба кори мавсимию доимӣ ҷалб мегарданд.
Татбиқи лоиҳаи мазкур аз як сӯ агар мушкилоти дастрасии сокинони деҳоти дурдасти ноҳияро ба маводи озуқаворӣ дар фасли зимистон осон гардонад, аз сӯи дигар, сатҳи бекориро коҳиш дода, ба симои деҳот ҳусни дигар зам мекунад.








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






