Ҷамолиддин Нуралиев: БМТ низоми идоракунии корпоративиро яке аз самтҳои муҳим дар сиёсати ислоҳоти худ қарор додааст

Июль 26, 2019 14:22

ДУШАНБЕ, 26.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи низоми идоракунии корпоративиро дар соҳаи бонкӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок дар сиёсати ислоҳоти худ  қарор дода, барои тақвияти он тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ин самт шарикии институтҳои байналмилалӣ низ саҳм дорад. Ин нуктаро муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар ҳамоише, ки дар Душанбе бо иштироки намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, саҳомон, аъзои Шӯрои нозирон ва роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ доир гардид, иброз дошт. Ҳамоиш дар доираи ҳамкорӣ бо Барномаи Бонки ҷаҳонӣ «Оид ба тақвият ва баланд бардоштани фаъолияти бахши молиявӣ» ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ роҳандозӣ гардида, дар идоракунии самарабахши корпоративии низоми бонкии мамлакат мусоидат менамояд.

Ҷамолиддин  Нуралиев зикр намуд, ки ба сатҳи баланди фарҳанги корпоративӣ дар ҳолати риояи принсипҳо ва стандартҳои идоракунии корпоративӣ, мониторинги доимии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, ташаккули низоми самарбахши идоракунии хавфҳо ва назорату аудити дохилӣ ноил шудан имконпазир аст. Бонкҳое, ки низоми идоракунии корпоративиашон дуруст ба роҳ монда нашудааст, барои тамоми низоми молиявии мамлакат хавф эҷод мекунанд. Маҳз бинобар надоштани низоми мукаммали идоракунии корпоративӣ дар давраи буҳрони иқтисодии панҷ сол қабл бонкҳо натавонистанд ба шокҳои беруна муқовимат кунанд ва ба мушкилот гирифтор шуданд, ки имрӯз ба низом таъсири бевоситаи худро мерасонанд.

Ҷамолиддин Нуралиев ҳамзамон таъкид сохт, ки ҳадафи  низоми идоракунии корпоративӣ ташаккул ва баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ буда, ба устуворӣ ва эътимоднокии фаъолияти минбаъдаи ташкилотҳои қарзӣ мусоидат менамояд. Зеро ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун миёнаравҳои молиявӣ бо ҷалби сармоя ва ба ин васила дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ  дар рушди иқтисодиёт нақши муҳим мебозанд.

Инчунин намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Петер Олтерс гуфт, ки «Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамбастагӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ба муҳимияти идоракунии корпоративӣ диққати махсус зоҳир намуда, оид ба мукаммал намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба идоракунии корпоративии ҷавобгӯ ба таҷрибаи байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд».

Дар ҳамоиш мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ оид ба идоракунии корпоративӣ иштирокдоронро бо сохти идоракунии корпоративӣ дар Тоҷикистон, афзалияти он дар ташкилотҳои қарзӣ, тафовути  идоракунии корпоративӣ дар қиёс бо менеҷмент, нақши Шӯрои нозирон ва мақоми саҳомон,  аз ҷумла ҳайат, уҳдадорӣ, шакли раванди  идоракунӣ ва нақши ҳайати котиботи корпоративӣ дар рушди сазовори идорӣ дар ташкилотҳо шинос намуданд.

Июль 26, 2019 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд