Бонки миллии Тоҷикистон низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳоро роҳандозӣ намуд
ДУШАНБЕ, 25.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон «Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо»- ро роҳандозӣ намуд. Низоми мазкур дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» ба ивази низоми амалкунандаи пардохтҳои байнибонкӣ ҷорӣ гардид. Ҳадафи низоми мазкур рушди инфрасохтори низоми пардохтӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ҷавобгӯ намудани низоми пардохтӣ ба талаботи замон ва стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, низоми нав дар асоси технологияҳои муосир сохта шуда, ба стандартҳои маъмули ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Он дорои як қатор бартариятҳо, аз қабили идоракунии навбатнокии пардохтҳо, набудани маҳдудият ба шумораи пардохтҳо дар давоми рӯзи амалиётӣ, дорои модулҳои муосири интиқоли пардохтҳо дар реҷаи вақти воқеӣ, клиринг ва пардохтҳои босуръат аст.
Низоми зикргардида самаранокӣ ва эътимоднокии низоми пардохтии мамлакатро афзун намуда, барои рушди минбаъдаи инфрасохтори низоми пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ заминаи устувор мегузорад.
Ҳоло ҳисоббаробаркуниҳо ва интиқоли пардохтҳо байни ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) бо сураъти баланд ва бетаъхир анҷом дода мешаванд.








Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд






