ЧАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои сохмонӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон шинос шуд

Июль 27, 2019 13:20

ДУШАНБЕ, 27.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ин ҳафта Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ аз чанд ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дидан намуд.

Сараввал Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Балҷувон ташриф оварда, ҳамроҳ бо раиси вилоят ва дигар шахсони мутассадӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази ноҳия, коргоҳи дӯзандагӣ, бинои дуошёнаи боғчаи бачагон барои 200 нафар кӯдак, сохтмони бинои тарабхона ва толори варзишӣ дар маркази ноҳия дидан намуданд.

Дар идомаи сафар  Қоҳир Расулзода  дар деҳаи Сари мазори деҳоти ба номи Сафар Амиршоев бо рафти корҳои сохтмонии бозори марказии ноҳия ва дар деҳаи Калтачинори деҳоти Тоҷикистон аз корхонаи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ «Элегант» ва  корҳои сохтмонии хати оби нӯшокӣ  шинос шуд. Сарвазири мамлакат инчунин аз сохтмони майдончаи варзишӣ,  маркази савдо,  корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар деҳаи Шаидони деҳоти Сари Хосор, меҳмонхона дар деҳаи Пештова, парваришгоҳи зироатҳои кишоварзӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дар деҳаи Мулоконӣ, нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар деҳаи Шибдара, меҳмонхона (катеҷҳо) дар мавзеи Аспоғула, меҳмонхона дар мавзеи Пушти Боғ дидан  карда, бо соҳибкорону коргарон суҳбатҳо анҷом дод. Ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг низ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сараввал бо рафти корҳои сохтмонии бинои МТМУ №4 барои 340 хонанда дар як баст ва сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ дар ҷамоати мазкур дар деҳаи Лоҳутии деҳоти Лоҳутӣ шинос гардид.   Дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ сохтмони бинои Беморхонаи рақамӣ бо суръат идома дорад. Зимни боздид аз сохтмони муассисаи тандурустӣ Сарвазири мамлакат ба пудратчиони иншоот баҳри бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастурҳо доданд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ ҳамчунин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуда, бо вазъи парвариши зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи замин, захираи хӯроки дурушти чорво ва фаъолияти боғдорон шинос шуд.

Дар ноҳия корҳои сохтмонии маҷмааи Нишон, Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб ҷараён дорад.

Ҳамчунин гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмонии бинои беморхонаи Марказии ноҳия дидан намуд. Сохтмони биноҳои хизматрасонию маишӣ ва фарҳангию варзишӣ дар ноҳия ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.

Гурӯҳи кории Ҳукумат таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Муъминобод аз рафти корҳои сохтмонии бинои истиқоматии 5-ошиёна дар шаҳраки Муъминобод дидан намуданд.

Инчунин, бунёди осоишгоҳи бемориҳои қалб дар шаҳраки Муъминобод бо суръат идома дорад. Сохтмони ин иншооти муҳим имкон фароҳам меоварад, ки 107 нафар дар як вақт ба табобату истироҳат фаро гирифта шаванд.

Ҳамзамон Сарвазири мамлакат ва ҳамроҳонаш аз ҷараёни корҳои сохтмонии корхонаи саноатии коркарди меваю сабзавот, варзишгоҳ, меҳмонхона ва дигар иншооти ҷашнӣ дидан намуданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуд. Дар шаҳри Кӯлоб Сарвазири мамлакат аз фаъолияти хоҷагидорон, ки ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, дидан намуд.

Инчунин, ҳайати ҳукуматӣ  ҷараёни корҳои сохтмонии варзишгоҳи шаҳр, боғи марказӣ, Маркази ҷавонони шаҳр, ҷараёни бунёди  биноҳои баландошиёна,  корҳои сохтмонӣ дар бинои Коллеҷи санъат, Маркази ҷароҳии дил ва маҷмааи фарҳангию варзишии модару кӯдакро санҷид.

Дар хотимаи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи сайёри Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо иштироки фаъолони вилояти Хатлон доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур бо натиҷагирӣ аз сафари серӯза дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Сарвазири мамлакат ба масъулин ҷиҳати хуб ба роҳ мондани корҳои созандагию бунёдкорӣ, иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъати корҳои созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Июль 27, 2019 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Темурмалик доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фархор мумфаршкунии 12 километр роҳ оғоз гардид
Шумораи субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2025 коҳиш ёфтааст
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумии сокинон муаррифӣ гардид
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавонмандсозии ҷавонон ва рушди ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд
«Амонатбонк» ба муштариён хизматрасонии нави қарзии рақамии онлайнӣ пешниҳод намуд
Аз ҷониби намояндагии Тоҷикистон дар СММ чорабинии канорӣ оид ба ҳамкории зеҳни сунъӣ барои рушди устувор доир шуд
Тоҷикистон ва Покистон дар Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд оид ба зеҳни сунъӣ ва рушди устувор баргузор намуданд
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Зафарободу Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор мегарданд
Афзалияти рушди устувори Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди ECOSOC муаррифӣ гардид