Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» доир гардид

Июль 6, 2019 11:06

ДУШАНБЕ, 06.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали Мусобиқа оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» доир гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, мусобиқа бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Умед Бобозода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардовари Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Ҷоми Пешвои миллат» Илҳом Юнусов ва кормандони мақомот баргузор гардид.

Дар мусобиқа 8 нафар кормандони мақомот тибқи қуръапартоӣ байни ҳам бозӣ намуда, роҳбари дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Ҳакимиён соҳиби ҷойи аввал гардид.

Дар фарҷоми мусобиқа Умед Бобозода ғолибро бо туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида, ба роҳбарият ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои мусоидат дар баргузории мусобиқа миннатдорӣ изҳор намуд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур 4 марҳиларо дар бар гирифта, маҳилаи интихобии якуми он аз 10 июн то 8 июли соли 2019 дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус баргузор мегардад.

Марҳилаи интихобии дуюм аз 10 июл то 25 августи соли 2019 дар сатҳи шаҳру ноҳия бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум ва марҳилаи сеюм аз 5 то 25 сентябри соли равон бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи дуюм ва марҳилаи чорум аз 1 то 5 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷоизаи умумӣ 100 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Барои ҷойи якуми даставӣ 30000, ҷойи дуюми даставӣ 25000, ҷойи сеюми даставӣ 20000 ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи се синн 25000 сомонӣ пешниҳод мегардад.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарфёти «Ҷоми Пешвои миллат» ҷиҳати рушди шоҳмот дар мамлакат ва ҷалби бештари наврасон ба ин намуди варзиши зеҳнӣ баргузор гардида истодааст.

Июль 6, 2019 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд