Дар шаҳри Истиқлол номи 34 кӯчаву маҳаллаҳо бо риояи меъёри забони тоҷикӣ иваз карда шуд

Июль 23, 2019 16:30

ХУҶАНД, 23.07.2019. /АМИТ «Ховар»/.   Вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шашмоҳаи аввали соли равон  дар ҳамаи корхонаю муассисаҳои шаҳри Истиқлол риояи Қонуни мазкур ва муқаррароти имлои забони тоҷикӣ ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда шуда, то имрӯз номи 34 кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр бо риояи меъёри забони тоҷикӣ иваз карда шуд.  Дар  панҷ муассисаҳои таълимашон ғайритоҷикӣ 53 адад синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ бо фарогирии 987 нафар хонанда кушода шуд.

Ин матлабро дирӯз Раиси шаҳри Истиқлол  Худойназар Амонзода зимни баргузории нишасти матбуотӣ  баён дошт.

Зикр шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон дар шаҳри Истиқлол, ки беш аз 17,5 ҳазор аҳолӣ дорад,  ду коргоҳи хурди истеҳсолӣ бо таъмини  20 ҷойи корӣ таъсис ёфт. Дар ин муддат баҳри  рушди соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 5 ҳазор доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ва 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб карда шудааст.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода, раиси шаҳр   ҳамзамон зикр намуд, ки дар нимсолаи аввал аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 11 миллиону 311,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии шаҳр ба 16 миллиону 468 ҳазор сомонӣ расид. Суръати  афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115 фоизро ташкил додааст.

Инчунин соли 2019 дар шаҳр 8 лоиҳаи инвеститсионӣ ба нақша гирифта шуда, айни ҳол 7 лоиҳа дар ҳоли амал қарор доранд.  Аз ҷумла, дар доираи  лоиҳаи «Баланд бардоштани системаи обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон»   то имрӯз  хонаҳои баландошёнаи шаҳр бо оби нӯшокӣ таъмин гардида, ба масофаи 1,3 км қубурҳои оби нӯшокӣ таъмир ва ба масофаи 1,2 км хати нави об кашида шуданд.

Баҳри  сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар шаҳри Истиқлол нақшаи чорабиниҳо иборат аз 100 банд таҳия гардидааст. Мувофиқи  он корбарӣ дар самти бунёд ва таъмири иншооти иҷтимоӣ, ташкили коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, аз ҷумла бунёди меҳмонхона, маркази хизматрасонии маишӣ, таъмири Қасри фарҳанг, таъмиру тармими роҳҳои дохили шаҳр, таъмири бинои шуъбаи амрози занона ва таваллудхона, ташкили боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, гулгаштҳо, толору майдончаҳои варзишӣ ва таъсиси марказҳои хизматрасонӣ бомаром идома дорад.

Июль 23, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид