Дастаи ВМКБ ғолиби мусобиқаи волейбол миёни ҷавонон гардид

Июль 2, 2019 10:03

ДУШАНБЕ 02.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии  шаҳри Хоруғи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни ҷавонон  баргузор шуд. Он бо   пирӯзии дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом ёфт.

Тавре  аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур шаш даста – Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва ВМКБ барои ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд. Дар натиҷа ҷои аввалро дастаи мизбон – ВМКБ ба даст овард.

Волейболбозони ҷавони бадахшонӣ дар финал ҳамсолонашонро аз дастаи Душанбе-1 мағлуб намуданд. Дастаи Душанбе-2 пас аз пирӯзӣ бар дастаи Хатлон-2 ҷои сеюми мусобиқаро сазовор гашт.
Ғолибону ҷоизадорон бо медалу ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ шуданд.

Июль 2, 2019 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд