Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид
ХУҶАНД, 18.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июни соли равон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон миёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, аз аккредитатсияи байналмилалии Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон гузашт ва соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилӣ гардид. Ин падидаи муҳим дар шашмоҳаи аввали соли 2019 дастоварди арзандаи муассиса ба ҳисоб меравад. Дар ин бора ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Бино ба зикри ректори донишгоҳ, аз ин пас дипломҳои ихтисосҳои «Муносибати байналхалқӣ», «Ҳуқуқшиносӣ», ва «Молия ва қарз»–и донишгоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ бештар эътироф гардида, ин нишондод минбаъд дар хориҷа барои фарогирии хатмкунандагон ба таҳсил ва фаъолияти корӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.
Зикр гардид, ки дар радифи корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар арафаи оғози соли хониши нав дар донишгоҳ боз як маркази тестӣ ташкил ёфта, ҳамзамон барои донишҷӯёни донишгоҳ толори нави пӯшидаи варзишӣ бо 500 ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад.
Гуфта шуд, ки имрӯз дар донишгоҳ 6 факулта ва 29 кафедра амал намуда, беш аз 7000 донишҷӯ, аз ҷумла, беш аз 100 нафар донишҷӯ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил мекунанд.
Ҳоло донишгоҳ бо 12 донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар маҷмӯъ 66 шартномаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ дорад. Дар соли хониши 2018-2019 донишгоҳро 1438 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 56 нафар соҳиби дипломи аъло гаштанд.
-Инчунин бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани донишҷӯён раёсати донишгоҳ давоми ду сол бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд ҳамкории қавӣ дошта, мунтазам дар донишгоҳ ва маркази вилоят ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ доир менамояд, — афзуд ректори донишгоҳ.








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






