Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд

Июль 16, 2019 15:22

ДУШАНБЕ, 16.07.2019/АМИТ«Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Кореяро ба ҳайси яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон эътироф намуда, хостори  ҳар чӣ бештари тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо ин кишвари Осиёи Шарқӣ мебошад.

Ин нуктаро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фаррух Ҳамрализода дар ҳамоиши  доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Корея, ки 16 июл дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Форуми  технологияҳои  инноватсионию сармоягузории Тоҷикистон ва Корея- «Саноатикунонӣ ва сиёсати нави самти шимол» доир гардид, зикр намуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Корея дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда,  дар он намояндагони идораҳои давлатӣ,  300 нафар соҳибкорону тоҷирон ва  намояндагони корхонаю ширкатҳои бузургу  бонуфузи  Тоҷикистон ва Корея иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки баргузории ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Корея дар шаҳри Душанбе  барои густариши ҳамкории иқтисодӣ  ва тиҷоратӣ байни ду давлат  самарабахш буда,  бозгӯи он аст, ки ҷонибҳо  ба пешбурди воқеии  ҳамкорӣ дар соҳаҳои  гуногуни иқтисодию тиҷоратӣ ва  афзоиши  гардиши савдо байни ду давлат манфиатдоранд. Мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Корея дар зарфи панҷ моҳи соли равон 12,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки сад фоиз марбут ба воридот аст. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 миллион доллар  амрикоӣ афзудааст. «Ин нишондиҳандаҳо намояндагони ҳар ду давлатро қаноатманд карда наметавонанд ва мо бар он ҳавасмандем, ки ҷалби  сармояи хориҷӣ  аз Корея ба Тоҷикистон  ҳарчи бештар бошад. Зеро байни ду давлат  ҳанӯз захираю имконоти  фаровони истифоданашуда зиёд буда, бояд саъй кард, ки тамоми ин имконот ба таври васеъ  ва самаранок истифода бурда шаванд»,- гуфт  Фаррух  Ҳамрализода.

Зимни  муаррифии  фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода   таъкид кард, ки   Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти  рушди босуботи иқтисоди миллӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба мамлакат,  таъсиси корхонаҳои  истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ фароҳам овардани  зиндагии шоиста  тадбирҳои судманд меандешад.

Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди соҳибкорию иқтисоди миллӣ  тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.  Санадҳои зиёди ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардидаанд, ки онҳо барои сармоягузорон ва соҳибкорони хориҷӣ имконот ва имтиёзҳои зарурӣ муҳайё намудаанд, аз ҷумла имтиёзҳои андозию гумрукӣ.

Гуфта шуд, ки бо мақсади рушду  пешрафт  Тоҷикистон  аз модели кишвари аграрӣ  ба сӯи  давлати саноатӣ –агарарӣ қадамҳои муассир мегузорад ва аз ин ҷост, ки саноатикунонии мамлакат  яке аз чор ҳадафи миллӣ ва  стратегӣ  қабул ва  эътироф шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар мамлакат  Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 қабул гардида, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Ҷаҳонии Савдо мебошад. Рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии  /ММД/ Ҷумҳурии Тоҷикистон  новобаста ба таъсири омилҳои беруна дар сатҳи 7 фоиз  таъмин гардидааст.  Инчунин дар Тоҷикистон  панҷ  минтақаи озоди иқтисодӣ, назири «Суғд», «Данғара», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Кӯлоб»  таъсис ёфта, дар онҳо беш аз 70 субъект ба қайд гирифта шудаанд.

Таъкид гардид, ки сиёсати хориҷии  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «дарҳои боз» буда, ҷалби сармояи  хориҷӣ  ба иқтисоди мамлакат  ва тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо Корея дар саргаҳи сиёсати иқтисодии Тоҷикистон қарор дорад.  Фаррух Ҳамрализода, гуфт, Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бои обию энергетикӣ, маъданҳои табиӣ,  сайёҳӣ ва кишоварзӣ мебошад, пурра омӯхта нашудааст. Дар ин росто,  аз доираҳои соҳибкории Корея даъват оварда шуд, ки барои  ворид шудан ба фазои сармоягузорӣ   ва саҳм гузоштан дар иқтисоди Тоҷикистон аз имконоти  мусоид истифода намуда, қадамҳои муассир гузоранд.

Инчунин дар ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистон ва Корея  комиссари доимии Комиссияи тиҷорати Корея  ва муовини  вазири савдо,  саноат ва  энергетикаи   Ҷумҳурии Корея  Канг Мёнг  Су  доир ба иқдомоти кишвараш дар самти  ҷалби сармоя  ва роҳ ёфтан ба иқтисоди кишварҳои  Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ибрози назар намуда, афзуд, ки Ҷумҳурии Корея хостори ҳарчи бештари  тавсеаи ҳамкории  гуногунсоҳа, аз ҷумла  иқтисоду тиҷорат бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зикр шуд, ки бо назардошти  рӯ овардани Тоҷикистон ба модели давлати  саноатӣ  Ҷумҳурии Корея имкон дорад дар татбиқи тарҳҳои иқтисодию  саноатӣ  саҳми муносиб гузорад.  Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар оянда  ҷамъиятҳои  иқтисодии  Тоҷикистону Корея таъсис дода шаванд, то дар таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии  ҳарду давлат саҳми фаъол гузоранд.  Гуфта шуд, ки Тоҷикистону Корея имкон доранд ҳамкориро дар соҳаҳои технологияҳои инноватсионӣ, энергетика,  саноат, коркарди  маъданҳои  кӯҳӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ   ва ғайра тақвият бахшанд.

Дар доираи ҳамоиши соҳибкорони  Тоҷикистону Корея дар радифи муаррифии  имкониятҳои  сармоягузории ҳар ду давлат  инчунин фаъолияти  муваффақонаи бархе аз ширкатҳоли бонуфузи Тоҷикистону Корея, аз қабили  ширкати  мобилии  «Тселл Тоҷикистон», «Талко»,  «Сифат Иннотех Инвест» «Фароз»,  Ассотсиатсияи  дӯстии Корея ва Осиёи Марказӣ  /Korea Central Asia Frendship Assosiation/, «GAIA ENERGY CO.,LTD», «Keumcheong Pharm», «Richware systems Co, . LTD», «World Oil Korea Co., LTD» рӯнамоӣ гардиданд. Инчунин вохӯриии доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Корея дар шакли В2В доир гардида, байни намояндагони ширкатҳо ва мудирияти корхонаҳои ҳар ду давлат санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Интизор меравад, ки  дар ҳошияи форуми доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Корея  соҳибкорону сармоягузорони  ин давлати Осиёи Шарқӣ аз  Минтақаи озоди «Данғара», корхонаҳои «Талко»,  «Гулистон» ва «Нассоҷии  Тоҷик»  боздид оварда, бо раванди фаъолияти онҳо аз наздик шинос гарданд.

                                                  Марзия САИДЗОДА ,
АМИТ «Ховар»

Июль 16, 2019 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон ва Малайзия таъсиси платформаҳои муштаракро барои содирот ва воридот баррасӣ намуданд
Нишасти маҷозии Гурӯҳи кории иқтисодии C5+1 баргузор гардид
Ширкати Чин дар вилояти Хатлон аз партовҳои сахти коммуналӣ барқ истеҳсол менамояд