ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби Бразилия баъд аз 12 соли интизорӣ Ҷоми Амрикоро ба даст овард
ДУШАНБЕ, 08.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 7 ба 8 июли соли равон Ҷоми Амрико-2019 низ бо ҳама шукӯҳу шаҳомати хеш ба нуқтаи ниҳоӣ расид. Тӯли як моҳ мо шоҳиди бозиҳои ҷолиби қораи Амрикои Ҷанубӣ шудем. Хулоса, то финали ин мусобиқа дастаҳои футболи мунтахаби Бразилия ва Перу роҳ ёфтанд. Варзишгоҳи муҳташами «Маракана — Марио Филю»-и шаҳри Рио-де-Жанейро бозии финалиро мизбонӣ намуд. Дар ин бора шореҳи варзиш Бобо Холмуродзода ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Бозии ин дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи мизбони ин чорабинӣ, яъне дастаи мунтахаби Бразилия хотима ёфт. Ёдовар мешавем, ки аз дақиқаи 70-уми дидор дастаи мунтахаби Бразилия бозиро даҳнафара идома дод, зеро Габриэл Жезус барои рафтори ғайриварзишиаш бо баргаи сурх муҷозот шуда, аз бозӣ ронда шуд. Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Бразилия баъд аз 12 соли интизорӣ боз ба фатҳи Ҷоми Амрико даст ёфт. Дастаи футболи мунтахаби Перу маротибаи охир соли 1975 дар Ҷоми Амрико қаҳрамон шуда буд. Хотиррасон менамоем, ки Ҷоми Амрикоро аз ҳама бештар дастаи мунтахаби Уругвай 15 маротиба соҳиб гардидааст.
Ҷоми Амрико-2019
Финал
Бразилия – Перу – 3:1 Голҳо: Эвертон, 15 (1:0). Хосе Паоло Герреро, 44 (пеналти) (1:1). Габриэл Жезус, 45+3 (2:1). Ришарлисон, 90 (пеналти) (3:1).
Дар бозии барои ишғоли зинаи сеюм дастаҳои футболи мунтахаби Аргентина ва Чили байни ҳам рақобат карданд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи мунтахаби Аргентина хотима ёфт.
Ҳанӯз дар дақиқаи 12-уми дидор Серхио Агуэро партофти зебои Лионел Мессиро ба гол табдил дода, Аргентинаро ба пеш баровард. Баъд аз гузашти даҳ дақиқа Пауло Дибала имконияти аргентиниҳоро дучанд кард. Дар дақиқаи 37-уми рақобат Леонел Месси ба футболбози Чили — Гари Медел бархӯрд ва довари бозӣ ҳардуро мустақиман бо корти сурх муҷозот намуда, аз идомаи рақобат бенасиб кард.
Дар қисми дуюми вохӯрӣ довар ба дарвозаи Аргентина зарбаи пеналти таъйин кард. Голро Артуро Видал бе хато иҷро намуда, ҳисобро 2:1 кард. Ҳамин тавр бозӣ байни дастаҳо бо ҳисоби 2:1 ба нафъи дастаи Аргентина хотима ёфт.
Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби Аргентина дар Ҷоми Амрико-2019 барандаи медали биринҷӣ гардид.








Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд






