Имрӯз дар Москва ҷаласаи навбатии Комиссияи иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 24.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар Москва ҷаласаи Комиссияи иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии Шӯрои иқтисодии ИДМ бо иқомат дар шаҳри Москва ба таври доимӣ фаъолият менамояд.
Ҳайати Комиссия аз намояндагони ваколатдори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ, инчунин муовинони раисони Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ бо ҳуқуқи овоздиҳӣ иборат мебошад.
Комиссия омӯзиш ва баррасии ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳои таҳиянамудаи Кумитаи иҷроияи ИДМ ва мақомоти соҳавии дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеи давлатҳоро таъмин менамояд.
Самти муҳими фаъолияти Комиссия ҳамчун мақомоти доимии кории Шӯрои иқтисодӣ мониторинги мунтазами иҷрои қарорҳои мақомоти олии ИДМ мебошад.
Роҳбарии Комиссияро бо навбат ҳар як намояндаи ваколатдори кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Шӯрои иқтисодии ИДМ мувофиқи Қарор дар бораи тартиби раисӣ кардани мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 2 апрели соли 1999 амалӣ менамояд.
Ҷаласаҳои комиссия на камтар аз як маротиба дар як моҳ гузаронида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи қаблии Комиссия 11 июни соли 2019 дар пойтахти Россия баргузор шуда буд. Дар он намояндагони мақомоти соҳавии ҳамкории ИДМ, вазорату идораҳои кишварҳои ИДМ, масъулини Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд. Ҷаласаро намояндаи Туркманистон Сердар Дурдиев раисӣ кард.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд: «Дар бораи фаъолияти Шӯрои энергетикии ИДМ дар солҳои 2015–2018», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомнома дар бораи сохтори асосии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо дар соҳаи карантини растанӣ», «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок дар кишварҳои узви ИДМ», «Дар бораи татбиқи Консепсияи ташкили бонки патентӣ ва инноватсионии ИДМ», ки бо Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 31 майи соли 2013 тасдиқ шудааст , «Шарҳи сиёсати тиҷорати ҶТ ва Молдова», «Дар бораи солҳои 2020–2024 идома додани ҷустуҷӯи хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар ҷанги Афғонистон дар солҳои 1979-1989 бедарак шудаанд, ҷустуҷӯи ҷойҳои дафн, эксгуматсия, муайян кардани ҷасад ва дубора гӯр кардан дар ватанашон», «Дар бораи дар соли 2020 маблағгузорӣ кардани Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи самтҳои асосии рушди минбаъдаи кумаки тиббӣ ва иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сифати ҳаёти собиқадорони ҷанг — иштирокчиёни муноқишаҳои маҳаллӣ ва аъзои оилаи онҳо дар давлатҳои ИДМ барои давраи то соли 2020» ва як зумра масъалаҳои дигар.
Мавод оид ба аксар масъалаҳо барои баррасии ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ, ки моҳи сентябри соли 2019 баргузор мегарданд, аз ҷониби Комиссия пешниҳод карда шудаанд.
ИЛОВА БАР ИН…
26 июл дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви ИДМ доир мегардад.
1–2 август дар Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқасозии лоиҳаҳои Дастурамал доир ба портали гуманитарии байнидавлатии «Ҳамоҳангӣ: адабиёт ва публисистикаи давлатҳои Иттиҳод» ва Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ оид ба ин масъала баргузор мешавад.
23 август дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти тафтишоти андозӣ (молиявии) кишварҳои узви ИДМ дар назар дошта шудааст.
3–4 сентябр дар Минск Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Мубориза бо терроризм бо ёрии кумакҳои инноватсионӣ ва истифодаи технологияҳои наву навтарин» гузаронида мешавад.
4 сентябр дар Москва машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Дар бораи ҳамоҳангсозии мавқеи кишварҳои узви ИДМ оид ба масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи 74-уми Ассамблеяи генералии СММ, инчунин дигар масоиле, ки ба манфиатҳои давлатҳои узви ИДМ дахл доранд», баргузор мегардад.








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид






