«Ғизои мактабӣ. Аз ноогоҳӣ то хунукназарӣ», «Фирор аз дӯзах ё ҳақиқати талхи афсонаҳои ширин»,- шарҳи матбуоти даврӣ

Июль 18, 2019 15:57

ДУШАНБЕ, 18.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ин ҳафта    ташрифи Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ба Тоҷикистон,   ки  16 июли соли равон сурат гирифт, дар сархати расонаҳои ҷумҳурӣ қарор дошт.

Дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият»,  шумораи рӯзи 17 июли  соли равон (№135)   таҳти сарлавҳаи «Мулоқоти Пешвои миллат бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея»  гузориши муфассал ба нашр расидааст. Дар гузориши мазкур, аз ҷумла чунин омадааст: «Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории  форумҳои тиҷоратии Тоҷикистону Корея ва Тоҷикистон – Корея — Ӯзбекистонро соли гузашта аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар рушду густариши муносибатҳои байнидавлатӣ, хусусан дар соҳаи тиҷорату иқтисод арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ карданд, ки форуми навбатии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Корея тадбирҳои муштаракро дар ин самт таҳким мебахшад».

«Беобӣ. Модарпроблемае, ки сокинони Далёни Болоро нигарон кардааст»- яке аз мақолаҳои дигари ҷолиби  ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»   маҳсуб мешавад.

Муаллифи  мақола- омӯзгори деҳаи мазкур  Туйчӣ Пулодов   чунин нигоштааст: «Лоиҳаи обанбори деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич ҳанӯз солҳои 70-уми асри XX аз тарафи кормандони Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» тартиб дода шуда бошад ҳам, 50 сол гузашту аз сохта шудани обанбор то ҳол дараке нест. Орзуи деринаи аҳолии деҳа амалӣ нашуда истодааст.   Дар натиҷаи беобӣ, киштзори зироат пажмурда шуда, аз нашъунамо мемонад ва ҳосили ночиз медиҳад. Дар моҳҳои июл — август пас аз об шудани барфи кӯҳ миқдори об камтар мешавад, яъне бисёр хоҷагиҳои инфиродии деҳа кишти тирамоҳӣ гузаронда наметавонанд».

Номбурда  тавассути ин мақола  арзи ҳамдеҳагонашро ба масъулин расонида, нигоштааст, ки   мардуми деҳа зодгоҳи худро, ки як гӯшаи Тоҷикистони азиз мебошад, дӯст медоранд ва аз забони онҳо чунин овардааст: «Агар об бошад,  деҳаамонро ба гулистон табдил медиҳем. Дар қатори дигарон бодиринг, сабзӣ, пиёз, картошка, нахӯд, маҳсар, зағир, кунҷид ва дигар зироат кошта, боғҳои нав бунёд мекунем».

«Деҳаи мазкур 15 километр болотар аз обанбори «Каттасой»-и шаҳри Истаравшан воқеъ аст. Бо ба истифода додани обанбор зиёда аз се ҳазор гектар замин обёрӣ карда хоҳад шуд ва барои кишти картошка, зироати полезӣ, инчунин бунёди боғҳои нав шароити мусоид ба вуҷуд меояд»,- пешниҳод намудааст Т.Пулодов .

Дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»   ҳамчунин таҳти сарлавҳаҳои «Ғизои мактабӣ. Аз ноогоҳӣ то хунукназарӣ», «Мушкили камчинии нуриҳои азотӣ», «Нуробод. Ташкили инфрасохтори сайёҳӣ зарур аст», «Адабиёт-оинаи ҳаёт» ва  «Ҳақиқат ба Женева расид» маводи ҷолибу  хонданбоб  нашр гардидаанд. Дар матолиби номбаршуда мавзӯъҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифта,  таваҷҷуҳи масъулин ба ҳалли он ҷалб гардидааст.

Дар нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№85, 16.07.2019)   таҳти сарлавҳаи «Ҳизбҳои сиёсӣ минбаъд ҳаққи узвият дар комиссияҳои интихоботиро нахоҳанд дошт» аз ҷараёни кори Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 11 июли соли равон дар шаҳри Душанбе  баргузор гардид, гузориши муфассал ба нашр расидааст.

Дар гузориш омадааст, ки зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  узви Маҷлиси миллӣ  Муҳаммадюсуф Имомзода   иброз намуд, ки «дар қонуни пешниҳодшуда ҳуқуқи ҳизбҳои сиёсӣ баробар аст, то ин ки ягон ҳизб ба кори комиссияи марказӣ, ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дахолат карда натавонад. Ҷорӣ шудани меъёри он, ки аъзои комиссияҳо дар низоми интихоботии ҷумҳурӣ аз боло то поён набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунанд, супоришҳои онро иҷро намоянд ва дар тарғибу ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзанд, минбаъд баробарии воқеии иштироки ҳизбҳои сиёсиро таъмин менамояд. Дастоварди дигар ғайриҳизбӣ будани аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мебошад. Қонун чунин муқарраротро муайян намудааст, ки тибқи он, дигар ягон узви ҳизб наметавонад аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бошад, ки ин меъёр беғаразиро барои ҳизбҳо кафолат додааст».

Дар ин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» ҳамчунин таҳти сарлавҳаҳои «Барномаи экологӣ чӣ гуна амалӣ мегардад?, «Вакиле, ки аз меҳнаташ сесад  ҳазор зан метавонистанд атласпӯш шаванд», «Фирор аз дӯзах ё ҳақиқати талхи  афсонаҳои ширин», «Устоҳои таъмири соат чаро «тухми анқо»-анд?», «Очаҷон, нарав! Илтиҷои кӯдак ва бетафовутии падару модари сангдил»   ва  дигар матолиби таҳлилӣ ба нашр расидаанд.

Дар мақолаи   «Фирор аз дӯзах ё ҳақиқати талхи  афсонаҳои ширин» сокини ноҳияи Шаҳринав Зайнура Толибова   аз азобу машаққатҳои дар  кишвари ҷангзадаи  Сурия кашидаи худ ва фарзандонаш  қисса намуда,  ба дигарон ҳушдор додааст, ки ба  чунин хатогӣ роҳ надиҳанд.

«Бо кумаки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия  3 майи соли 2019 бо ҳамроҳии 4 фарзанд аз шаҳри Азази Сурия ба Туркия омадам. Ниҳоят, ба бахти ману фарзандонам,  Сафорати Тоҷикистон шаҳодатномаи иҷозати бозгашт ба Ватанро ба мо расонд. 7 майи соли 2019 аз шаҳри Газиантепи Туркия ба шаҳри Истанбул ва аз он ҷо бо хатсайри Истанбул — Душанбе ба Тоҷикистон, ки даҳ соли расо набудам, баргаштам. Ободию зебоӣ ва осудагии Ватанро дар муқоиса бо кишвари ҷангзадаи Сурия муқоиса намуда, гӯё он ҳамаро дар хоб медидам. Ростӣ, ки умед ба зинда мондан надоштем. Худованд гӯё ба мо умри дубора бахшид. Ранҷи зиёд кашида, шоҳиди қатлу куштор, даҳшатҳои гӯшношунид гардидем, ки намехоҳам дигарон бубинанд. Хуллас, дар сафи ДИИШ барин гурӯҳу ташкилотҳои иртиҷоӣ ҷаллодони башар, ки бӯе аз мусулмонӣ намебаранд, ба қатлу куштор, таҷовузу ғорат машғуланд»,-  чунин хулоса намудааст номбурда.

Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета»  (17.07.2019,№30)  дар шумораи навбатӣ  сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ноҳияи Данғара ва ҷараёни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Кореяро ба Тоҷикистон инъикос намуда, аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои олии таълимӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли равон  хабару гузоришҳо чоп кардааст. Ҳамчунин дар шумораи навбатӣ  мақолаҳои «Саразм – один из центров мировой цивилизации», «Сиёма природная жемчужина нашего горного края», «Махмуд Вохидов и его поэтический театр», «Праздник Мехргон намерены включить в список ЮНЕСКО» пешкаши хонандагон гардидаанд. Муаллифи мақолаи «Сиёма» дар бораи сафари якрўза  қад-қади соҳили дарёи Сиёма,  ки аз дараи Варзоб оғоз шуда, то ба баландиҳои «Қуллаи ҷавонон» идома меёбад, нақл карда, зебогиҳои табиатро ба риштаи тасвир кашидааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (17.07.2019,№ 29)  дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ, инчунин мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Пирӯзии илм-шикасти ҷаҳолату таассуб», «Ҳар рӯз аз сулҳ бигӯем», «Дардошно», «Чизе, ки менависам, мавқеи шаҳрвандии ман аст!», «Кай соҳиби бино мешавем?», «Бетафовутӣ решаи зулм аст», «Микроволновка ва марги батадриҷ»  ва ғайраҳо .

Нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – «Мароми пойтахт» дар шумораи навбатӣ  (№26, 17.07.2016) гузориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар шашмоҳаи якуми соли 2019  ва дигар матолиби муҳимро аз  фаъолияти ҳизб ба нашр  расонидааст.

Дар саҳифаи аввали  рӯзномаи «Мароми пойтахт» хабари муаррифии лоиҳаи меҳмонхонаҳои нав дар Душанбе ва гузориш аз  идомаи  сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ноҳияи Данғара чоп гардида, зери сарлавҳаи «Баррасии 5 масъалаи муҳим дар иҷлосияи нуздаҳум» гузориш аз ҷараёни кори  иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум  ба нашр расидааст.

Хонандагони нашрияи «Мароми пойтахт» метавонанд барои ошноӣ бо фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2019 гузориши пурраи  раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо  мутолиа карда, инчунин аз   хабару  гузоришҳои аз  нишастҳои матбуотии   вазорату кумита ва дигар идораҳои ҷумҳурӣ  доир ба натиҷаи фаъолияти онҳо дар шаш моҳи соли равон огоҳӣ пайдо кунанд.

Дар гузориши мазкур, аз ҷумла гуфта шудааст: «Сохторҳои ҳизбии пойтахт давоми шаш моҳи соли 2019 фаъолияти босамар нишон дода, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода  бурда, дар оянда низ мақсад дорад, ки фаъолияти худро тавассути ҷалби усулҳои нави корӣ ҷоннок намояд. Ҳизбиён дар роҳандозӣ намудани ҳадафҳои Оинномаю Барномаи ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ таҷлил намудани  ҷашни таърихии мамлакат-  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас  гузоранд».

  Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2019 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд