Комроншоҳи Устопириён дар Мусобиқаи Гран-прии Будапешт ҷои ҳафтумро соҳиб шуд

Июль 15, 2019 09:45

ДУШАНБЕ, 15.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз  12  то 14 июли соли равон  дар шаҳри Будапешти Венгрия Мусобиқаи Гран-прии Будапешт баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 550 нафар варзишгарон, аз ҷумла 344 мард ва 206 зан аз 82 кишвари сайёра иштирок ва  байни ҳам ҳунарнамоӣ намуданд. Дар ин бора шореҳи варзиш Алӣ Шариф ба мухбири АМИТ «Ховар»  Меҳрони Қурбон хабар дод.  

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ 4 паҳлавони шинохта- Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов намояндагӣ карданд. Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов дар рақобатҳои нахустини хеш аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуданд. Акмал Муродов дар вохӯрии якуми хеш дастболо шуда, дар даври дуюм аз идомаи сабқатҳо бенасиб шуд.

Паҳлавони  маъруфи тоҷик  Комроншоҳи Устопириён дар вазни – 90 кг дар мусобиқаи мазкур дар се рақобати  хеш бар ҳарифонаш дастболо шуд. Сипас дар даври чорум Комроншоҳи Устопириён аз  паҳлавони шинохтаи  японӣ – Мукаи Шойчиро мағлуб шуда, рақобатҳоро барои ба даст овардани нишони биринҷӣ идома дод. Мутаассифона, паҳлавони тоҷик барои ишғоли зинаи сеюм низ аз намояндаи Гурҷистон – Бека Гвиниашвили шикаст хӯрда, аз медали биринҷии Гран-прии Будапешт маҳрум шуд. Ҳамин тавр Комроншоҳи Устопириён дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ ҷои 7-умро ишғол намуд.

Июль 15, 2019 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд