Маркази миллии тестӣ: имрӯз даври асосии имтиҳонҳо оғоз гардид

Июль 1, 2019 16:15

ДУШАНБЕ, 01.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) имтиҳони умумӣ – қисми А, ки супоридани он барои ҳамаи довталабон, новобаста аз ихтисосҳои интихобкардаашон ҳатмӣ аст, оғоз гардид.  Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, қисми А аз се субтест (забони тоҷикӣ; математика; таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) иборат аст. Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман бо забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, бо забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Барои ҷавоб додан ба саволҳо ва ҳалли масъалаҳои се субтести қисми А 180 дақиқа муқаррар шудааст.

Инчунин   зикр шуд, ки имрӯз дар ин имтиҳон иштироки  15 ҳазору 999  нафар довталаби дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда, ки гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихоб кардаанд, дар назар аст.

Соли 2019 шумораи умумии довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ аз 1  март то 30 апрел номнависшуда 102 186 нафарро ташкил дод. Соли ҷорӣ бори нахуст қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ба роҳ монда мешавад. Шумораи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ба 8712 нафар баробар аст.

Бояд гуфт, ки даври асосии имтиҳонҳо мувофиқи ҷадвали муқарраршуда аз 1 то 13  июли соли равон дар 47 маркази имтиҳоние, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) ташкил карда шудаанд, баргузор мегардад.

Имтиҳони қисми А барои довталабони ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даври асосӣ) то 7  июл идома меёбад. Имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) барои ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо аз 8  июл оғоз гардида, то 12  июл идома меёбад. Довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) имтиҳони қисми АБ-9-ро рӯзи 13  июл месупоранд.

Барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш), бинобар аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда зиёд будани шумораи ин довталабон имтиҳонҳо (ҳам қисми А ва ҳам қисми Б) ба тартиби зерин 2‑рӯзӣ гузаронида мешаванд,- иброз доштанд дар Маркази мазкур.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки барои ташкил, баргузорӣ ва идораи имтиҳонҳо беш аз 2000 нафар корманди муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шудааст, ҷалб карда шудаанд. Барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, инчунин барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот беш аз 100 нафар ҳамчун намояндаи ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд.

Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст. Шумораи умумии ҳайати комиссияҳои ҷамъиятии ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ имсол 141 нафарро ташкил медиҳад.

Имтиҳонҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода мешавад, баргузор карда мешаванд.

Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) соли равон 25  июл ба нақша гирифта шудааст.

Июль 1, 2019 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад