Мавлуда Қаландарзода: «Суди Олии иқтисодӣ барои баланд бардоштани касбият ва дониши ҳуқуқии судяҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд»

Июль 24, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 24.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Ба судҳои иқтисодии мамлакат дар ин давра беш аз 1800 аризаҳои даъвогӣ ва шикояту дархостҳо ворид гардидаанд, ки  аз он  зиёда аз 1100 парванда  моҳиятан  бо баровардани санадҳои судӣ дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ  карда шудааст. Ин матлабро  раиси  Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма 24 июл дар Душанбе изҳор намуд.

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Суди Олии иқтисодии мамлакат зикр гардид, ки дар ин давра истеҳсолот доир ба 66  парванда қатъ карда шуда, беш аз 70 ариза бебаррасӣ мононда, 2 парванда аз рӯи тобеият ирсол карда шудааст. Инчунин қабули 7 ариза рад ва беш аз 300 ариза бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд. Дар ин давра  шумораи умумии парвандаҳои баррасишуда беш аз 1600 ададро ташкил намуд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102 адад зиёд аст.

Доир ба рӯёнидани зарар ва маблағҳое, ки аз муносибатҳои қарзӣ бармеоянд, дар судҳои иқтисодӣ соли равон талабот нисбат ба 99 461 537 сомонӣ қонеъ гардида, ба маблағи 1 925 416 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст.

Зикр гардид, ки мусоидат ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо ва ҷорӣ намудани татбиқи дурусту якхелаи қонунгузорӣ самти муҳими фаъолияти суди болоӣ буда, аз ҷониби Суди Олии иқтисодӣ мунтазам сабабҳои бекоршавии қарорҳои судӣ таҳлил ва дар ин замина ба нақшаи машғулияти омӯзишии судяҳо мавзӯъҳои зарурӣ ворид ва судяҳо баҳри таҷрибаомӯзӣ ба суди болоӣ ҷалб карда мешаванд.

Инчунин охири ҳар моҳ машғулияти семинарӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият, дониши ҳуқуқӣ, одобу муоширати касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо баргузор гардида, камбудиҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта, сабабҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор мегиранд. Таъкид шуд, ки  диққати судяҳо ба риояи дақиқи меъёрҳои қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ, пешгирии хавфҳои коррупсионӣ ва таъмини баррасии саривақтии парвандаҳо ҷалб карда шуданд.

Бо дахли баланд бардоштани сатҳи тахассусии судяҳои судҳои  иқтисодии  мамлакат  Мавлуда Қаландарзода гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳо соли равон нуҳ  нафар судяҳои судҳои иқтисодӣ доир ба мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Инчунин бо мақсади таҳияи санадҳои судии асосноку қонунӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи дурусту ягонаи судӣ китоби «Намунаи ҳуҷҷатҳои мурофиавии иқтисодӣ», ки аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ омода карда шудааст, ба чоп расида,  барои истифода ба  судяҳо ва кормандони дастгоҳ дастрас гардидааст.

Ҳамзамон лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодӣ «Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ва дигар лоиҳаҳо марбут ба такмили Қарорҳои Пленум омода ва барои мувофиқа ба мақомоти давлатӣ равон карда шуданд.

 

 

Июль 24, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид