Муҳаммадюсуф Имомзода: «Факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Беларусро қариб 30 нафар хатм намуданд»

Июль 11, 2019 16:55

ДУШАНБЕ, 11.07.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имсол факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Беларусро қариб 30 нафар донишҷӯ хатм намуданд. Ин нуктаро Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик Муҳаммадюсуф Имомзода имрӯз, 11 июл зимни баргузории нишасти матбуотии ин муассисаи олии таълимӣ баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, зикр гардид, ки заминаи таъсиси факултети мазкур 5 сол муқаддам, зимни сафари давлатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус ва боздид аз Донишгоҳи давлатии Беларус ба миён омад.

«Натиҷаи ташаббуси Сарвари давлат ин буд, ки соли равон аввалин гурӯҳи донишҷӯён факултети мазкурро бо ихтисосҳои ҳаётан муҳим хатм намуданд», —  илова намуд М. Имомзода.

Бояд зикр намуд, ки муносибатҳои ду мамлакат дар ҳама соҳаҳо аз ҷумла, дар самти  илм ва маориф бо ташаббус ва ҳидоятҳои Сарони ду давлати ба ҳам дӯст Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ба таври назаррас вусъат меёбанд.

«Дар факултети зикргардида  донишҷӯён аз рӯи 8 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Барномаи таълимии он ба таври 2+2 бакалаврият аз ҷониби ҳарду донишгоҳ таҳия ва тасдиқ гардида, донишҷӯён 2 сол дар ДМТ ва 2 сол дар ДДБ таҳсил мекунанд»,- гуфта буд муовини аввали ректори ДМТ Тоир Хоҷаев чанде пеш дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  комилан назаррас буда, ба гуфтаи Муҳаммадюсуф Имомзода, имрӯз мамлакатҳои гуногуни Осиё, Аврупо ва Америкаро фаро мегирад.

 

Июль 11, 2019 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид