Муассисаҳои роҳсозии Бадахшон соҳиби 30 техникаву таҷҳизоти роҳсозӣ гардиданд
ХОРУҒ, 12.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми воридкунии техникаи нигахдории роҳҳои мошингард ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт дар доираи лоиҳаи «Нигохдорӣ ва рушди роҳҳо», ки дар заминаи имзои созишномаи грантиву қарзии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳия гардидааст, оғоз ёфт.
Дар назди майдони ба номи Исмоили Сомонӣ корвони техникаву таҷҳизоти роҳсозиро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сокинони шаҳр истиқбол гирифтанд. Муовини аввали раиси вилоят Анвар Имматшозода ба Ҳукумати ҷумҳурӣ барои чунин кумаки судманд ва саривақтӣ изҳори сипос намуда, арз дошт, ки «назар ба дигар манотиқи кишвар дар Кӯҳистони Бадахшон фасли сармо зудтар фаро мерасад. Ҳатто солҳое ба мушоҳида расиданд, ки аввали моҳи сентябр дар баъзе ағбаҳои кӯҳӣ барф борида, роҳро маҳкам мекард. Ба касе пӯшида нест, ки дар замони шӯравӣ роҳи Хоруғ-Душанбе ба муддати 6-7 моҳ баста буд. Дар замони истиқлолият ҳамеша роҳҳои мошингард боз ҳастанд. Танҳо роҳи баъзе аз деҳоти дурдасти водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ва ноҳияи Ишкошим бар асари боришоти шадид дар муддати каме бештар аз як ҳафта масдуд мегарданд».
Умед аст, ки бо ворид гардидани ин техникаҳои пуриқтидори роҳсозӣ ҳамаи монеаҳо аз роҳҳо бардошта шуда, рафтуомади сокинони мамлакат бидуни мушкилӣ сурат мегирад.
Сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди вилоят Гулаёз Рамазонов гуфт, ки «30 адад техникаву таҷҳизот, ки маблағи он беш аз 2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва аз кишвари ҳамсояи Чин интиқол ёфтааст, байни муассисаҳои роҳсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт тақсим мешаванд. Бояд зикр дошт, ки Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят аз замони таъсиси худ ин миқдор таҷҳизоти техникиро дастрас накардааст. Мо кӯшиш мекунем, ки онро дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ дошта, ба басташавии роҳҳо дар фасли зимистон роҳ надиҳем».
Дар давраи истиқлолияти давлатӣ бо кумаку дастгирии Ҳукумати мамлакат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан раҳо ёфта, ба яке аз гузаргоҳҳои транзитии байналмилалӣ мубаддал гардидааст.
Ҳоло 1300 километр роҳҳои мошингарди вилоят аҳамияти байналмилалӣ доранд. Ин роҳҳо Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Кулма, Қизил Арт бо Ҷумҳурии Мардумии Чину Ҷумҳурии Қирғистон ва 6 пули мошингузар бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пайванд месозанд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






