ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 04.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе рӯзона ба 33-35 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






