ҶОДАҲОРО ФАРОХ БОЯД КАРД. 25 июл-Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии Тоҷикистон

Июль 25, 2019 15:49

ДУШАНБЕ, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки  Тоҷикистон аз  афзоиши воридоти  воситаҳои нақлиёти сабукрав ба мамлакат дар соли равон иттилоъ медиҳанд. Дар хабаре, ки аз ин сохтор ба АМИТ «Ховар» расидааст, гуфта мешавад, ки дар шаш моҳи соли равон  дар асоси омори гумрукӣ ба ҷумҳурӣ 8 ҳазору 435 адад воситаҳои нақлиёти сабукрав ба маблағи беш аз 69 миллион доллари амрикоӣ ворид карда шудаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 40 фоиз зиёд аст. Соли 2018 аз хориҷа ба мамлакат 5 ҳазору  848 адад воситаҳои нақлиёти сабукрав ба маблағи 47 миллион доллари амрикоӣ  ворид гардид. Ин омор дар ҳолест, ки имрӯз,  25 июл нақлиётчиёни Тоҷикистон иди касбии худ- Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилиро таҷлил менамоянд.

Нақлиёти автомобилӣ-омили рушди иқтисод дар шароити  кӯҳистони Тоҷикистон

Нақлиёти автомобилӣ дар таъмини рушди босубот ва устувори  иқтисодиёти мамлакат нақши калидӣ дошта, яке аз  соҳаҳои афзалиятноки  ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Мусаллам аст, ки Тоҷикистон бо мавқеияти ҷуғрофиаш сарзамини кӯҳистон буда, роҳи баҳрӣ надорад. Дар ин росто,  нақлиёти автомобилӣ дар самти боркашонӣ ва интиқоли мусофирон нақши  муҳим мебозад. Танҳо дар  зарфи шаш моҳи соли  равон  бо нақлиёти автомобилӣ 37495, 7 ҳазор тонна  бор  ва 327134,5 ҳазор  мусофир интиқол дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  дар маҷмӯъ боркашонӣ 7,2 фоиз ва мусофирбарӣ 12,9 фоиз афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тавассути истифодаи нақлиёти  истифодаи умум  10415 ҳазор  тонна бо гардиши 2044,7 миллион  тонна/км  ва беш аз 291 миллион мусофир  бо гардиши 2,7 миллион мусофир/км интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта   ҳаҷми боркашонӣ  20 фоиз, гардиши бор 18,2 фоиз, мусофирбарӣ 12 фоиз ва гардиши мусофир  9,3 фоиз  зиёд гардидааст.

Бунёди марказҳои логистикӣ ба тавсеаи бахши нақлиёти автомобилӣ мусоидат менамояд

Бояд тазаккур дод, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати бунёди марказҳои  муосири логистикӣ  тадбирҳои  мушаххас  меандешад, ки ин раванд ба рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ  дар мамлакат мусоидат менамояд. Алҳол дар бозори хизматрасониҳои  нақлиёти автомобилии мамлакат беш аз 1600 адад  субъектҳои хоҷагидор  фаъолият доранд, ки аз 215   корхонаи  нақлиёти автомобилӣ- 77 ададро мусофирбар, 104 ададро боркаш ва 34 ададро омехта- боркашу  мусофирбар,  50  терминали мусофирбарӣ, 11 терминали боркашонӣ, 1263  нуқтаи  таъмир  ва хизматрасонии техникии таъмири  воситаҳои нақлиётро  ташкил медиҳанд. Инчунин  85  қароргоҳи нақлиёти автомобилӣ фаъолият доранд. Дар ҷумҳурӣ  қариб 880  хатсайрҳои мусофирбарӣ фаъолият доранд, ки  171  ададаш шаҳрӣ,  571 наздишаҳрӣ, 124 адад байнишаҳрӣ ва  13-тоаш хатсайрҳои  мусофирбари  байналмилалӣ мебошанд.

Бунёду таҷдиди беш аз се ҳазор км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва дохилӣ дар Тоҷикистон

Роҳу нақлиёт  бо ҳам тавъам буда, барои рушди соҳаи нақлиёт, сифати хуб ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будани роҳҳои автомобилгарди мамлакат   нақши муҳим мебозанд. Дар ин росто, Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба рушди бахши нақлиёт ва коммуникатсияи мамлакат, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ  ва ба давлати  воҳид табдил додани Тоҷикистон, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Танҳо дар зарфи соли гузашта дар ҷумҳурӣ  сохтмону таҷдиди 200 километр роҳи дохиливу байналмилалӣ,  инчунин 45 пул  ба анҷом расонида шуда, алҳол дар соҳаи нақлиёт  ба маблағи умумии 7,5 миллиард сомонӣ 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст.  Дар  давраи солҳои соҳибистиқлолӣ  дар мамлакат  беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ  бунёду таҷдид карда шуданд.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта шабакаи телевизионии  «Настоящее время»  рейтинги вазъ  ва сифати роҳҳои кишварҳои ҷаҳонро пешниҳод намуд, ки тибқи он Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Озарбойҷон мақоми дуюмро ишғол намуд. Инчунин миёни 137 кишвари ҷаҳон аз лиҳози сифати роҳҳои автомобилгард    дар асоси рейтинги Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мақоми 70-умро касб касб кард ва дар дараҷаи баҳогузорӣ ба вазъ ва ҳолати роҳҳо Тоҷикистон ба 4,1 балл сазовор гардид.

БДА: Шумораи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст, ҷодаҳоро мебояд фарох кард

Тибқи хабари ба АМИТ «Ховар» расидаи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар роҳҳои Тоҷикистон,  беш аз 466 ҳазор воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он зиёда аз 445 ҳазораш дар бахши иқтисодиёти мамлакат истифода мегарданд. Аз ин омор қариб 39 ҳазорашро воситаҳои нақлиёти боркаш,  қариб 40 ҳазорашро  нақлиёти  сабукрав ва зиёда аз 14,5 ҳазор  ададро воситаҳои нақлиёти мусофирбар ташкил медиҳанд.

Тоҷикистон барои баромадан ба бандарҳои баҳрӣ саъй дорад

Мусаллам аст, ки зарфи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон давлати мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон амалӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат ва кормандони бахши нақлиёти мамлакат  дастур додаанд, ки барои рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия,  тавсеаи минбаъдаи шабакаи долонҳои нақлиётӣ ва тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ, баромадан ба бандарҳои баҳрӣ, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, навсозии заминаҳои моддиву техникӣ ва таҷдиди паркҳои нақлиётӣ, инчунин афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулот тадбирҳои иловагӣ андешанд.  Зеро дар шароити Тоҷикистон,  ки  93 фоизи қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, соҳаи нақлиёту коммуникатсия барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аз  аҳамияти бузург бархӯрдор аст.

Дар оянда Тоҷикистон ба давлати транзитӣ табдил хоҳад гардид

 Мусаллам аст, ки нақлиёти автомобилгард  омили асосии ҳаракат, рафту омади одамон ва интиқоли бор дар Тоҷикистон мебошад.  Аз солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ба масъалаи беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётии мамлакат,  бунёду навсозии роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ аҳамияти  махсус медиҳанд. Беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ дар мамлакат  ба Стратегияи давлатии Тоҷикистон табдил гардидааст. То ба имрӯз ҷиҳати комилан аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани давлат ва ба қаламрави транзитӣ мубаддал гардонидани Тоҷикистон  чандин лоиҳаҳои сармоявӣ  татбиқ гардидаанд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ  дар мамлакат беш аз 45 лоиҳа дар бахши сохтмон ва барқароркунии роҳҳо ба маблағи беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст.

Бунёди Эстакада танбашавӣ дар роҳҳои пойтахтро  ҷилавгирӣ мекунад

Ҳукумати  Тоҷикистон барои рушд ва барқароркунии масирҳои мамлакат роҳҳои мусоид меҷӯяд ва дар ин самт бархе кишварҳо кумаки молиявӣ  мерасонанд. Нақби  Шаҳристон, ки аз ҷониби Чин соли 2012 ба истифода дода шуд, далели ин гуфтаҳост. Дарозии нақби мазкур 5 км 253 метр буда, тӯлонитарин нақби роҳи автомобилгард дар миқёси кишварҳои ИДМ эътироф гардидааст. Ҳамзамон соли 2018 дар маҳаллаи 82-юми пойтахт аввалин эстакада дар Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ки он дар доираи татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» бунёд гардидааст.

Чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад. Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 4 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудаанд.

Алҳол дар мамлакат  лоиҳаҳои таҷдиди  роҳҳои автомобилгарди  Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз муҷассамаи  А. Сино то дарвозаи  ғарбии Душанбе, Душанбе-Бохтар,  Кангурт –Балҷувон –Ховалинг, Кӯлоб –Шамсиддин Шоҳин-қитъаи Шкев –Қалъаихумб  босуръат идома доранд. Татбиқи ин лоиҳаҳо ба рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат, беҳдошти вазъи иҷтимоии мардум ва ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мусоидат менамояд.

                                                        Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

 

Июль 25, 2019 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории гумрукиро тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон марҳилаи рамзгузории электронӣ ба воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ оғоз мегардад
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор шуд
Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад