Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Борис Ҷонсон барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Июль 24, 2019 17:26

ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Борис Ҷонсон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба вазифаи Роҳбари Ҳизби консерваторон ва ба даст гирифтани зимоми умури маснади олӣ — Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ — самимона табрику таҳният мегӯям.

Мо густаришу таъмиқи равобити ҳамкориро бо Британияи Кабир дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати худ медонем.

Изҳори умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо ба ҳайси Сарвазир бо саъю эҳтимоми ҳар ду тараф ҳамёрии кишварҳои мо ҷанбаҳои нави судмандро фаро хоҳад гирифт.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки барои таҳкими ҳарчи бештари муносибатҳо бо Британияи Кабир дар сатҳҳои мухталиф саъю кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, тансиҳативу саодатмандӣ ва дар ҷодаи амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба мардуми кишвари дӯсти Британияи Кабир амну амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».

 

Июль 24, 2019 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон