Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон: «Дар нимсолаи аввал дар ҷумҳурӣ 716 ҷинояти дорои характери терористию экстремистӣ ба қайд гирифта шуд»

Июль 16, 2019 12:07

ДУШАНБЕ, 16.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2019 дар ҷумҳурӣ 716 ҷинояти дорои характери террористию экстремистӣ ба қайд гирифта шуда, ҳамаи шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Дар ин бора имрӯз зимни  нишасти хабарӣ  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат изҳор намуд.

Ба гуфтаи Прокурори генералӣ, ин ҷиноятҳо аз ҷониби аъзои ташкилотҳои террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» (қаноти ҷангии ҲНИ), «ДОИШ», «Салафия», «Гурӯҳи-24» ва дигар созмонҳои экстремистӣ содир шудаанд.

Бино ба маълумоти Юсуф Раҳмон, дар шаш моҳи аввали соли 2019 дар ҷумҳурӣ 12549 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд 3393 санҷиш гузаронида шуд. Бо дахолати прокуророн 353 млн. сомонӣ, аз он 158,1 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд.

Дар соҳаи нақлиёту гумрук низ санҷишҳои прокурорӣ камбудиву қонуншиканиҳоро ошкор намуда, ҷиҳати бартараф намудани онҳо 908 санади эътиноӣ татбиқ ва 1776 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуданд. 103 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 16 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шудааст.

Июль 16, 2019 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд