Раиси шаҳри Конибодом: аз 41 корхонаи ҳисоботдиҳанда 15 адад сатҳи истеҳсоли маҳсулотро афзун намудаанд
ХУҶАНД, 29.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Давоми шашмоҳаи аввал дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Конибодом нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбат ба даст оварда шудаанд. Аз ҷумла, нақшаи андоз 103,0 фоиз ё ин ки беш аз 44 млн. сомонӣ иҷро гардида, аз 41 корхонаи ҳисоботдиҳанда 15 ададашон сатҳи истеҳсоли маҳсулотро афзун намуданд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ низ 149 млн. 519,6 ҳазор сомониро ташкил дода, афзоиш ба 114,2 фоиз расидааст.
Дар ин бора ва паҳлуҳои дигари нишондиҳандаҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Раиси шаҳр, аз ҷумла афзуд, ки дар ин давра нисбат ба давраи муқоисавӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр истеҳсоли маҳсулоти гўшт 4,2 тонна, шир 13,2 тонна, тухм 52 ҳазор дона, сабзавот 2307,8 тонна, картошка 455,2 тонна ва меваи донакдор 5445,4 тонна зиёд истеҳсол гардидааст.
Инчунин илова гардид, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи саноат имсол дар миқёси шаҳр тибки накша боз 4 адад корхонаи хурди саноатӣ таъсис дода мешаванд.
Ҳамзамон вобаста ба омодагиҳо ба истиқболи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ зикр гардид, ки дар шаҳр бунёд, таъмиру навсозии 506 адад иншоот ба нақша гирифта шуда, ҳоло давоми нимсолаи аввал 120 иншооти таъйиноташон гуногун- ду ҳаммом дар маркази шаҳр ва деҳоти Патар, панҷ маркази хизматрасонӣ, ёздаҳ майдончаи варзишӣ ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ҳудуди шаҳр беш аз 4 км роҳҳо мумфарш ва 302 адад чароғакҳои равшанидиҳанда ва ороишӣ насб гардидаанд.
Ба иттилои хабарнигори АМИТ Ховар Абдуаҳад Шарифзода, хосатан, доир ба иншооти соҳаи маориф гуфта шуд, ки ҳоло дар миқёси шаҳр 9 муассисаҳои таълимии садамавӣ, аз он 8 адад мактаб ва 1 адад кўдакистон дар қайд буда, ҳоло дар мактабҳои №7 ва №52 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳои сохтмонӣ оғоз шудаанд. Сохтмони бинои нави таълимӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №48 идома дорад.
Инчунин аз ҳисоби лоиҳаи “Сино” 5 адад марказҳои саломатии деҳот аз таъмири куллӣ бароварда шуда, боми асосии беморхонаи марказии шаҳрӣ шиферпӯш карда шуда, корҳои ободонии саҳни ҳавлии беморхона, тармими хатти мутамаркази гармидиҳӣ ва таъмири ҳуҷраҳои қабулгоҳ идома дорад.
Дар маҷмӯъ, то соли 2021 дар шаҳр ва ҷамоату деҳоти Конибодом дар назар аст, ки 5 китобхона, 3 қасри фарҳанг, 2 боғи фароғатӣ, 3 беморхона, 14 марказҳои тиббӣ, 6 нуқтаи хатнаи кӯдакон, 8 дорухона, 9 адад сартарошхона, 10 ҳаммом, 9 адад кошонаи ҳусн, 31 маркази савдо, 39 маркази хизматрасонӣ, 7 адад толори варзишӣ, 33 майдончаи варзишӣ, 2 меҳмонхона, 50 иншоотҳои соҳаи маориф ва беш аз 200 иншооти гуногун таъмир, навсозӣ ва бунёд карда мешаванд.








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






