Раиси шаҳри Конибодом: аз 41 корхонаи ҳисоботдиҳанда 15 адад сатҳи истеҳсоли маҳсулотро афзун намудаанд

Июль 29, 2019 16:20

ХУҶАНД, 29.07.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Давоми шашмоҳаи аввал дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Конибодом нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбат ба даст оварда шудаанд. Аз ҷумла, нақшаи андоз  103,0 фоиз ё ин ки  беш аз 44 млн. сомонӣ иҷро гардида, аз 41 корхонаи ҳисоботдиҳанда 15 ададашон сатҳи истеҳсоли маҳсулотро афзун намуданд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ низ 149 млн. 519,6 ҳазор сомониро ташкил дода, афзоиш ба 114,2 фоиз расидааст.

Дар ин бора ва паҳлуҳои дигари нишондиҳандаҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Раиси шаҳр, аз ҷумла афзуд, ки дар ин давра нисбат ба давраи муқоисавӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр истеҳсоли маҳсулоти гўшт  4,2 тонна, шир  13,2 тонна, тухм 52 ҳазор дона, сабзавот 2307,8 тонна, картошка 455,2 тонна ва меваи донакдор 5445,4 тонна зиёд истеҳсол гардидааст.

Инчунин илова гардид, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи саноат  имсол дар миқёси шаҳр тибки накша боз 4 адад корхонаи хурди саноатӣ таъсис дода мешаванд.

Ҳамзамон вобаста ба омодагиҳо ба истиқболи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ зикр гардид, ки дар шаҳр бунёд, таъмиру навсозии 506 адад иншоот ба нақша гирифта шуда,  ҳоло давоми нимсолаи аввал  120 иншооти таъйиноташон гуногун- ду ҳаммом дар маркази шаҳр ва деҳоти Патар, панҷ маркази хизматрасонӣ, ёздаҳ  майдончаи варзишӣ ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ҳудуди шаҳр беш аз 4 км роҳҳо мумфарш ва 302 адад чароғакҳои равшанидиҳанда ва ороишӣ насб гардидаанд.

Ба иттилои хабарнигори АМИТ Ховар Абдуаҳад Шарифзода,  хосатан, доир ба иншооти соҳаи маориф гуфта шуд, ки ҳоло дар миқёси шаҳр 9 муассисаҳои таълимии садамавӣ, аз он 8 адад мактаб ва 1 адад кўдакистон дар қайд буда, ҳоло дар мактабҳои №7 ва №52 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳои сохтмонӣ оғоз шудаанд. Сохтмони бинои нави таълимӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №48 идома дорад.

Инчунин аз ҳисоби лоиҳаи “Сино”  5 адад марказҳои саломатии деҳот аз таъмири куллӣ бароварда шуда, боми асосии беморхонаи марказии шаҳрӣ шиферпӯш карда шуда, корҳои ободонии саҳни ҳавлии беморхона, тармими хатти мутамаркази гармидиҳӣ ва таъмири ҳуҷраҳои қабулгоҳ идома дорад.

Дар маҷмӯъ, то соли 2021 дар шаҳр ва ҷамоату деҳоти Конибодом дар назар аст, ки  5 китобхона, 3 қасри фарҳанг, 2 боғи фароғатӣ, 3 беморхона, 14 марказҳои тиббӣ, 6 нуқтаи хатнаи кӯдакон, 8 дорухона, 9 адад сартарошхона, 10 ҳаммом, 9 адад кошонаи ҳусн, 31 маркази савдо, 39 маркази хизматрасонӣ, 7 адад толори варзишӣ, 33 майдончаи варзишӣ, 2 меҳмонхона, 50 иншоотҳои соҳаи маориф ва беш аз 200 иншооти гуногун таъмир, навсозӣ ва бунёд карда мешаванд.

 

 

Июль 29, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи дуюми роҳбарони хадамоти гумрукии қолаби «Осиёи Марказӣ-Чин» се санади калидӣ ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ механизмҳои сармоягузорӣ таҳия мегарданд
Дурнамои ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар Суғд вобаста ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи расмии ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи БИР иштирок намуд
«Саноатсодиротбонк» бо Бонки содиротию воридотии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар мулоқот бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ тақвияти низоми молиявӣ баррасӣ гардид
Дар Алмато Шартҳои техникии Протокол оид ба мубодилаи маълумоти пешакии гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Русия мубодилаи почта барқарор гардид
Дар Душанбе ҷалби сармояи ширкатҳои Саудӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ шуд
Фонди ОПЕК маблағгузории лоиҳаҳои муҳими Тоҷикистонро идома медиҳад