РОҲИ САФЕД ВА ХИЗМАТИ АЪЛО! Чунин орзу намуданд ба хатмкунандагони Донишкадаи идоракунии давлатӣ, ки 33 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл маросими супурдани дипломҳо ба хатмкунандагони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид. Дар он Ректори донишкада, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода, муовинони директор Бибиосия Аюбӣ ва Зулфия Аҳмадзода, дигар устодону кормандон, хатмкунандагон ва волидони онҳо иштирок ва суханронӣ намуданд, иттилоъ дод хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ректори Донишкада зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷўҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Дар солҳои таҳсили 2018 – 2019 донишкадаи мазкурро аз рӯи ихтисосҳои идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура 270 нафар хатм намуданд, ки аз ин миқдор 33 нафарашон соҳиби дипломи сурх гардиданд.
Зикр гашт, ки имрӯз дар кишвар 39 муассисаи таҳсилоти олӣ ба омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун машғуланд. Миёни онҳо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи олист, ки ба омода кардани кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ машғул аст.
Аюбӣ Бибиосия иброз намуд, ки имрӯз қисми зиёди хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат ба садоқати насли ҷавон боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд.
Роҳбари маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон хатмкунандаи зинаи магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатӣ Маҳинабону Шарипова аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли ҷавон изҳори андеша намуда, чунин иброз дошт: «Мо ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, ташаббусҳои созанда нишон диҳем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоем, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кунем ва ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат ба халқу Ватан хизмат намоем».
Дар чорабинии мазкур хатмкунандагону волидони онҳо низ ба сухан баромада, миннатдории хешро ба роҳбарияти донишкада ва устодон иброз доштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Ректори донишкада дипломҳои сурх ба 33 нафар хатмкунандагон супорида шуд.










Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






