САЙЁҲОН ДАР МАКОНИ АМН. Як сол қабл дар Тоҷикистон милитсияи сайёҳӣ таъсис ёфта, имрӯз фаъолияти худро густурда намудааст

Июль 17, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 17.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Як сол қабл, баъд аз ҳодисае, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайваст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон милитсияи сайёҳӣ ташкил карда шуд. Тавре қаблан иттилоъ додем, 29 июли соли сипаригардида дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара ронанда – террорист  ба гурӯҳи велосипедронон ҳамла кард, ки дар натиҷа 3 нафар дар ҷойи ҳодиса ва як нафар дар беморхона ба ҳалокат расиданд.

Имрӯз шуъбачаи милтсияи сайёҳӣ, ки дар назди шуъбаи экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта,  вазифааш таъмини бехатарии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави мамлакат ба шумор меравад, имкониятҳои худро тақвият бахшида истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз бехатарӣ яке аз омилҳои  таъсиргузор дар рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар Тоҷикистон ба хотири он ки барои шаҳрвандони хориҷӣ дар инҷо будан роҳат бошад, онҳо худро дар ҷойи амн эҳсос намоянд, ба инҷо ташриф оварда, аз мавзеъҳои фарҳангӣ, таърихию археологӣ ва дигар дастовардҳои он боздид намоянд, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Маҳз дар ин мавзеъҳо, инчунин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва истгоҳи роҳи оҳан нуқтаҳои милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардиданд. Чанде пеш чунин нуқтаҳои хизматрасонӣ дар Қалъаи Ҳисор ва гузаргоҳи наздисарҳадии «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода ифтитоҳ гардиданд. Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи онҳо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Нуқтаҳои хизматрасонӣ тасодуфан ифтитоҳ нагардида, балки ба инҷо сайёҳони дохиливу хориҷӣ бештар ташриф меоранд. Дар шашмоҳаи  аввали соли равон ба шаҳри Ҳисор 44 ҳазору 794 сайёҳ ворид гардидаанд, ки аз инҳо 3 ҳазору 368 нафарашонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳад. Хусусан, аз мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор дар ин давра 20 ҳазору 835 нафар сайёҳ дидан кардаанд, ки аз онҳо 4 ҳазору 019 нафарашон хориҷиён мебошанд.

Айни замон милитсияи сайёҳӣ бо ҳамаи лавозимоти техникӣ таъмин гардида, дар ҳамаи вилоятҳои мамлакат фаъолият дорад. Он дар баробари ҳамкории зич бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии мамлакат  кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои таъмини амнияти сайёҳон ва хизматрасонии босифат ба онҳо тадбирҳои иловагӣ андешад. Аз ҷониби шуъбача «Корт барои сайёҳон» ва «Шиноснома барои сайёҳон» омода гардида, дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва  «Инстаграмм» фаъол мебошад.

ДАР АКС: мошини хизматии Милисаи сайёҳии Тоҷикистон

Тавре аз суҳбатҳо аён гардид, сайёҳони зиёде, ки аввалин маротиба ба мавзеъҳои таърихӣ ташриф овардаанд, аз онҳо таассуроти  фаромӯшнопазир бардоштаанд.

«Солҳои зиёд мо орзу мекардем, ки ба мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистон сафар карда, бо ҳаёти шаҳрвандони мамлакати ҳамсоя шинос шавем. Ба назари ман, сол аз сол имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида истодаанд», — зикр намуд Муҳаррама Носирова, сайёҳ аз шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Ёдовар мешавем, ки милитсияи сайёҳӣ дар Тоыикистон баҳри таъмини амнияти сайёҳон ташкил гардида, масъалаҳои роҳбаладии сайёҳон, ба онҳо додани маълумоти зарурӣ, расонидани кумак ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифзи манфиати онҳо, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва нисбат ба сайёҳонро ба уҳда дорад.

ДАР АКС: Милитсияи сайёҳӣ дар Душанбе ба сайёҳи амрикоӣ барои ёфтани ҳамён ва ҳуҷҷатҳояш кӯмак расонид

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамарӯза ба  ин ҷузъи муҳими вазорат 100-200 нафар сайёҳ муроҷиат менамоянд. Кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ дар давраи фаъолияти худ ба зиёда аз 200 ҳазор сайёҳи дохилӣ ва хориҷӣ хизмат расонидаанд. Телефонҳои шуъбачаи милитсяи сайёҳии назди Шуъбаи экологии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон: 770 55 55 55

 

 

Июль 17, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ ДИДОР». Модарон дар қисмҳои ҳарбӣ бо шароити хизмати фарзандон шинос мешаванд
Дар Душанбе ду далели вайрон намудани қоидаҳои истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз шуд
Дар вилояти Хатлон санҷиши омодагии ҳайати захираҳои сафарбарӣ доир гардид
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро дастгир намуд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба маконҳои сайёҳии вилояти Хатлон бештар мегардад
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Бо ёдгориҳои Қалъаи Ямчун шинос шавед ва кӯҳҳои сарбафалаки Бадахшонро тамошо намоед
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ НАМО! Баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хуталони қадим — шаҳри Ҳулбук имрӯз аз нав эҳё гардид
РУШДИ САЙЁҲӢ. Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» беҳтарин макони солимгардонӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад
Дар Душанбе ҷаласаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир шуд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳифзи сулҳи пойдор вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа мебошад»
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад