«САЛОМАТИИ МИЛЛАТ – БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ». Таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ доир гардид

Июль 2, 2019 20:00

 ДУШАНБЕ, 02.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯро баргузор гардид.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини бехатарии озуқавориро, ки ҳадафи асосии он нигоҳдошт ва ҳимояи генофонди миллат мебошад, яке аз вазифаҳои стратегии худ қарор додааст. Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 декабри соли 2014 таҳти №808 Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024 қабул шудааст.

Тавре дар ин стратегия омадааст, риоя нашудани қоидаҳои истеҳсол ва истеъмоли ғизо, ки ба сар задании бемориҳои гуногун сабаб мешавад, дар Тоҷикистон низ, чун дар аксари кишварҳо, аз мушкилоти асосии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ маҳсуб меёбад.

Муовини Сарвазир фаъолияти мақомоти аъзои Шӯроро натиҷагирӣ намуда, зикр кард, ки дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоии ба саломатӣ хатарнок ва пешгирии истеҳсоли маҳсулоти пастсифат дар ҷумҳурӣ аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудаанд, вале ин амалҳо қонеъкунанда набуда, дар ин самт ҳоло ҳам мушкилоти зиёде ҷой дорад.

Азим Иброҳим ҳамчунин оид ба таъмини ғизои солим, бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, пешгирии воридоти маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок, ҳолатҳои сироятёбии аҳолӣ, тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи воситаҳио ахбори омма, ҷорӣ намудани талаботи низоми идоракунии сифат тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии силсилаи ИСО ва низоми бехатарии ҲАССП (НАССР) (таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои назорати таҳдидомез), таҳия ва таҷдиди санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, такмил додани озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ибрози андеша намуд.

«Ҳар яки мобояд воқеъбинона ба фаъолияти худ баҳо диҳем, яъне то кадом андоза мо уҳдадориҳои худро бо масъулият иҷро мекунему дар ҳифзи саломатии мардуми кишвар ва ҳимояву солимии генофонди миллиамон саҳмгузор мебошем. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки дар байни аҳолӣ навъҳои гуногуни бемориҳо, ки бевосита ба истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ алоқамандӣ доранд, ба қайд гирифта шудаанд, аз ҷумла ҳолатҳои аз меъёр зиёд истифода намудани нуриҳои маъданию заҳрхимикатҳо дар меваю сабзавот ва маҳсулоти полезӣ ҷой дорад ва ин амал моро водор месозад, ки бо масъулияти ҷиддӣ фаъолият намуда, корҳоро боз ҳам дар ин самт тақвият бахшем», — таъкид дошт муовини Сарвазир.

Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли 2019 дар миқёси ҷумҳурӣ 5 ҳодисаи заҳролудшавии шаҳрвандон, вобаста ба маводҳои ғизоӣ ба қайд гирифта шуд ва дар натиҷа 15 нафар шаҳрвандон сироят ёфта, аз ин теъдод 1 нафарашон фавтид.

Дар натиҷаи тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ шумораи сироятёбии шаҳрвандон нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ коҳиш ёфта, хушбахтона ҳодисаҳои заҳролудшавӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ, савдо ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ба қайд гирифта нашуд.

Ҳамзамон Раиси Шӯро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ба танзим даровардани савдои маҳсулоти ғизоӣ дар кӯчаю ҷойҳои муқаррарнашуда, пурзӯр намудани ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти назоратӣ, омӯзиши вазъи истеҳсол ва коркарди намаки ошӣ, назорати ҷиддии истифодаи нуриҳои маъданӣ дар сабзавоту полезиҳо, бо дарки масъулият содиқона фаъолият намудан ва барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта масъулинро вазифадор намуд.

Дар рафти ҷаласа дар баробари баррасии масъалаҳои пешбинигардида, инчунин Нақшаи кории Шӯро барои нимсолаи дуюми соли 2019 муҳокима ва тасдиқ карда шуд.

«Дар яке аз суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки саломатии миллат боигарии асосии давлат аст. Итминон дорам, ки масъалаҳои дар ҷаласаи имрӯза баррасишуда ба ҳалли масоили муҳими фаъолияти мақомоте, ки бевосита ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳифзи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок нигаронида шудаанд, мусоидат менамоянд ва мо сиёсати пешгирифтаи  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хубӣ дарк намуда, содиқона ба халқу ватани азизамон хизмат менамоем», — тазаккур дод дар фарҷом муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим.

Июль 2, 2019 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд