ШАБИ ГИРИФТАНИ МОҲ. Сокинони Тоҷикистон, эҳтимол, ин ҳодисаи астрономиро мушоҳида карданд…

Июль 17, 2019 10:20

ДУШАНБЕ, 17.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Шаби гирифтани моҳ» — номи филм ва спектакли машҳурест, ки аз рӯи фоҷиаи Нависандаи халқии Бошқирдистон Мустай Карим офарида шудааст. Бисёриҳо ин спектаклро рӯи саҳнаи Театри академии драмавии ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе борҳо тамошо кардаанд. Вале ин ҷо сухан дар бораи спектакл не, балки дар бораи ҳодисаи нодири астрономӣ меравад, ки борҳо рӯй додааст ва шаби гузашта низ рух дод ва шояд сокинони мамлакат онро мушоҳида намуда бошанд…

Шаби гузашта  гирифти нопурраи навбатии Моҳ ба амал  омад. Тавре Директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ҳодиса шаби 17 июл аз соати 01:30-и вақти маҳаллӣ оғоз гардида, давоми ним соат, яъне то соати 02:00 сояи замин қисман Моҳро  пӯшонд. Ба  гуфтаи Г. Қоҳирова  мушоҳидаи гирифти моҳ дар минтақаи Тоҷикистон пурра мумкин буд. Ҳодисаи гирифти Моҳро кормандони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расадхонаи Санглох мушоҳида намуданд.

«Ҳодисаи астрономии гирифти Моҳ вақте ба вуқӯъ меояд, ки Офтоб, Моҳтоб ва замин дар як хат қарор мегиранд. Дар ин ҳолат сояи замин пурра ё қисман Моҳро аз назари мушоҳидачии дар рўи Замин буда мепўшонад, яъне торик мекунад»,- мегӯяд Гулчеҳра Қоҳирова.

Ба зикри номбурда, дар Тоҷикистон ҳодисаи гирифти Моҳ имсол бори сеюм буда, мушоҳидаи он дирӯз пурра мумкин буд.

Расмҳоеро, ки мебинед,   кормандони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расадхонаи Санглох ҳангоми  мушоҳида гирифтаанд.

Июль 17, 2019 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид