СИЛОС БАРОИ ЧОРВО. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба хоҷагидорон дастур дод, ки барои ду сол хӯроки чорво захира намоянд

Июль 30, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 30.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзӣ хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқониро вазифадор намуд, ки  барои ду сол хӯроки чорво  ҷамъоварӣ  ва захира намоянд. Зеро имсол бо сабаби сербориш омадани ҳаво дар мамлакат нашъу намои  алаф  дар саҳро хуб ба назар мерасад. Ин нуктаро муовини Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Нусратулло Мусозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.

«Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои мамлакат ҷамъоварии  хӯроки чорво  идома дошта, ҷиҳати   саривақту беталаф ғундоштан ва захира намудани он  барои зимистони солҳои 2019-2020 тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳоло кишти такрорӣ оғоз гардида,  ҷамъоварии хӯроки чорво то моҳи  ноябр идома хоҳад ёфт»,-афзуд номбурда.

Бо сербориш омадани баҳори имсола воқеан ҳам талу теппаҳои  Хоҷамуъмин аз алафҳои худруйи табиӣ, гулу себарга ва гиёҳҳо то имрӯз ранги сабзро аз худ дур накардаанд. Дар ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ хоҷагидорон аз чунин  имконият истифода намуда, ҷамъоварии   хӯроки чорворо идома медиҳанд. Дар мавзеъҳое ки техника гашта наметавонад, алафро  дастӣ дарав мекунанд.

Дар хоҷагиҳои ноҳияи Восеъ 46233 сар чорвои калони шохдор ва 97861  сар бузу гӯсфанд парвариш карда мешаванд. Тибқи маълумоти оморӣ,  дар ноҳия саршумори чорво назар ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст. Барои саривақт ҷамъоварӣ намудани хӯроки чорво ва захираи дусолаи он дар ноҳия ситоди махсус ташкил шудааст.

Тавре аз  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар шашмоҳаи  аввал дар ҷумҳурӣ 728  ҳазору 103 тонна хӯроки дурушт захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93 ҳазору  955 тоннна зиёд мебошад.

 Н.Мусозода дар тақвияти гуфтаҳои боло зикр кард, ки  дар ҷумҳурӣ 3,8 млн гектар чарогоҳҳо барои тамоми намуди ҳайвонот мавҷуд мебошанд.

«Барои чорворо аз чарогоҳҳои зимистона ба  баҳорӣ, аз як ноҳия ба ноҳияи дигар ва аз як минтақа ба минтақаи дигар  интиқол додан 21 адад нуқтаи назоратӣ ва байторӣ таъсис дода шуда,  2237 рама, 2 567 036 сар чорвои майдаи шохдор, 101 777 сар чорвои калони шохдор ва 14 363 сар асп дар чарогоҳҳо ҷойгир карда шудаанд»,-илова намуд муовини Вазир.

Хотиррасон менамоем, ки соҳаи чорводорӣ барои таъмин намудани аҳолӣ бо ширу гӯшт  ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум  равона  гардидааст. Бояд зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ соли равон  истеҳсоли гӯшт ба 73   ҳазору 996 ва шир   ба 364    ҳазору  216 тонна расидааст.

Баяд тазаккур дод, ки бо баланд бардоштани сифати хӯрокӣ  маҳсулнокии чорво   зиёд мегардад.  Инчунин сифати маҳсулоти аз он ҳосилшаванда  ва қобилияти такрористеҳсолкунии  он  беҳтар гардида,  вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва  касалшавии он пешгирӣ мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки як сол пеш, моҳи июни соли гузашта,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар-машварат оид ба дарав ва захира намудани  хӯроки  чорво, ки дар мавзеи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик баргузор шуда буд,  иштирок намуданд.  Сарвари давлат ба хоҷагидорон дастур доданд, ки дар баробари афзун намудани саршумори чорво, ба масъалаҳои хушзоткунӣ ва захираи дусолаи хӯроки чорво аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир созанд.

Сипас, дар мавзеи Гулобод маъракаи оммавии алафдаравӣ бо иштироки зиёда аз 2500 нафар сокинон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сурат гирифт. Барои анҷоми ин кор ва ҷиҳати иштирок дар семинар-машварат 113 адад трактори тамғаи МТЗ, 33 касилкаи дискӣ, 59 адад газонокасилка, 16 тойбанд, 18 ядак ва грабилҳои тракторӣ, инчунин олоти алафдаравию алафҷамъкунӣ ва техникаҳои гуногуни кишоварзӣ сафарбар карда шуд. Қобили зикр аст, ки мавзеи Гулобод  интихоб шудани макони баргузории семинар-машварат оид ба дарав ва захира намудани  хӯроки  чорво бесабаб нест:  майдони алафзор дар  ин ҷо зиёда аз 215 гектарро ташкил медиҳад.

Имсол низ дар ноҳияи Темурмалик алафзор нашъунамои хуб  кард ва масъулони бахши кишоварзию хоҷагидорон тасмим доранд, ки  камаш  50 ҳазор тонна силосу хошок ва дигар намуди хўроки чорво захира  намоянд.

Июль 30, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд