Соҳибкорони инфиродие, ки ба муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул буданд, боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 13.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ду нафар соҳибкорони инфиродии шаҳри Ҳисор бо ҷурми ба таври ғайриқонунӣ ташкил намудани нуқтаи мубодилаи асъор ва ба муомилот баровардани асъори хориҷӣ боздошт шуданд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандон Мусулмонов Маҳмадалӣ Саидович ва Мирзоев Сунатулло Муҳибуллоевич дар суроғаи шаҳри Ҳисор, кӯчаи Аловудинов, бинои 12 нуқтаи мубодилаи асъор ташкил карда, ба муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул будаанд.
«Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ номбурдагон ҳангоми ғайриқонунӣ ба харидори шартӣ шаҳрванд «А» ба амал баровардани мубодилаи асъори хориҷӣ ба маблағи 3000 доллари ИМА дастир гардиданд», — афзуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз 17 апрели соли 2015 тибқи дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта шуд.
Тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор гардиданд, ки ҳар як амалиёти фурӯши доллари ИМА-и нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон ба таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.
Мавриди зикри хос аст, ки моҳи январи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, аз ҷумла масъалаи муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷиро баррасӣ намуданд.
«Тамоми корҳои вобаста ба сиёсати пулию қарзию асъорӣ ва тартиби амали он дар ҳамаи муассисаҳои ин соҳа, новобаста аз шакли моликият, бояд ба таври шаффофу назоратшаванда ба роҳ монда шавад ва мафҳумҳои «қурби давлатӣ» ва «қурби бозор» аз байн бурда шавад. Қурб бояд якто бошад ва он на дар кӯча, балки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва танзим карда шавад», — бо сароҳат таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар робита ба масъалаи мазкур 9 марти соли 2016 Парлумони Тоҷикистон ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки нисбат ба шахсоне, ки даст ба мубодилаи ғайриқонунии асъор мезананд, муҷозоти сангин ё худ ҷаримаи калон ва то 9 соли маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ менамоянд.
Тибқи тағйирот ба қисми якуми моддаи 286-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки баъди супоридани ҷаримаи маъмурӣ маротибаи дуюм даст ба мубодилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ мезананд, ҷарима ба андозаи аз 200 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду сол, қисми дуюми моддаи мазкур ҷарима ба андозаи аз 730 то 1 ҳазору 095 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ аз чор то шаш сол пешбинӣ гардидааст. Инчунин агар кирдори пешбиникардаи қисми дуюми модда такроран аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ба миқдори калон содир шуда бошад, ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазору 277 то 1 ҳазору 642 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 7 то 9 сол пешбинӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки оид ба ин ҳолат нисбат ба шаҳрвандон Мусулмонов М.С. ва Мирзоев С.М. бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба Прокуратураи шаҳри Ҳисор ирсол гардид.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






