Сокинони деҳаҳои Ширинчашма ва Полезаки ноҳияи Тоҷикобод бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд
ТОҶИКОБОД, 20.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки раиси ноҳия ва меҳмонон маросими мавриди истифода қарор додани хати оби нушокӣ ва хатнасури 15 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоат сурат гирифт. Дар ин бора корманди ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод Дилшод Амирбеков ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои ноҳияи Тоҷикобод корҳои созандагию бунёдкорӣ авҷ гирифта, рӯз аз рӯз шароити зиндагии мардуми деҳот беҳтар мегардад. Аз ҷумла таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ бо дарназардошти зиёд гардидани аҳолӣ дар ҷамоати мазкур яке аз мушкилоти аввалиндараҷа дар ноҳия маҳсуб мегардид.
Имрӯзҳо бо ташаббуси Мақомоти иҷроия дар якҷоягӣ бо соҳибкорони муваффақ ин мушкилӣ то андозае ҳал гардида истодааст. Аз ҷумла, сокинони деҳаҳои Ширинчашма ва Полезак солҳои охир аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ доштанд. Хати оби нӯшокӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкори маҳаллӣ, сокини деҳаи Ширинчашма Холмурод Мираков аз масофаи 6 км кашонида шуда, сокинони деҳаҳои Ширинчашма ва Полезак бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд. Лоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ 80 нуқтаро дар бар гирифта, барои 100 хоҷагӣ, яъне зиёда аз 600 нафар аҳолии деҳаҳои мазкур бо харҷи 135 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Ҳамчунин дар маросими кушодашавии лоиҳаи хати оби нӯшокӣ хатнасури 15 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат низ гузаронида шуд.








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






