ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САЙЁҲОН – ДАР МАДДИ АВВАЛ! Дар Хоруғ давраи омӯзишии «Саёҳат ва офатҳои табиӣ» баргузор гардид

Июль 4, 2019 17:42

ХОРУҒ, 04.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Ассотсиатсияи сайёҳӣ, экологию фарҳангии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон ва роҳбаладон дар мавзӯи «Саёҳат ва офатҳои табиӣ» давраи омӯзишӣ баргузор гардид.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», ин давраи омӯзишӣ бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Агентии Швейтсария оид ба рушд роҳандозӣ гардид.

Муовини раиси вилоят Умедҷон Носиров гуфт, ки «бо тағйир ёфтани иқлими сайёра   офатҳои табиӣ, бо шумули зилзила, селу тарма, обхезию лағзиши замин ва афтидани кӯҳпораҳо дар кунҷу канори дунё зиёд ба назар мерасанд. Бадахшон агарчӣ аз назари сайёҳон як гӯшаи зебову ҷолиб аст, аммо чун як минтақаи кӯҳистон дар баробари офатҳои табиӣ осебпазир аст. Обхезии моҳи июли соли 2015, ки бар асари он роҳи мошингарди Кӯлоб –Қалъаихум- Хоруғ- Мурғоб -Кулма муддати як моҳ баста шуд ва сайёҳони зиёди хориҷӣ маҷбур шуданд самти ҳаракати худро тағйир диҳанд, аз ин ҷумла аст. Кори муташаккилонаи сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ имконият фароҳам овард, ки сайёҳон аз роҳи бехатар саёҳати худро идома дода, сари вақт ба ватанашон баргарданд. Зилзилаи соли 1911 дар водии Бартанг ва ба вуҷуд омадани кӯли Сарез ҳамеша моро водор месозад, ки ба ҳар навъ офати табиӣ омода бошем. Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади таъмини бехатарии сайёҳон як нақшаи мукаммали муштарак таҳия ва минбаъд мутобиқи он амал намоянд».

Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят Боймамад Алибхашов аз даъват кардани  соҳибкорон ба ин давраи омӯзишӣ изҳори сипос намуда, баён дошт, ки «ҳангоми сар задани ҳар гуна офатҳои табиӣ соҳибкорон ҳамеша дар канори сокинони маҳаллӣ ва сайёҳони ватанию хориҷӣ  ҳастанд. Онҳо ҳамзамон барои таҳияи нақшаи саёҳати бехатар рӯзҳои наздик фикру ақидаи худро ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ пешниҳод мекунанд».

Июль 4, 2019 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН – НАМУНАИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН. Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ ва маърифатӣ баргузор гардид
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ конфронс доир шуд
Дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳ ва суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ баргузор намуд
Таҷассум ва густариши сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои миллат дар пасманзари қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»
Дар шаҳри Санкт-Петербург Форуми XIV байналмилалии ҳуқуқӣ оғоз гардид
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд